Таъкиди дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бар идомаи ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин
(last modified 2024-07-10T07:04:52+00:00 )
Июл 10, 2024 12:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бар идомаи ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, муқовимат ба ҳимоят аз Борикаи Ғазза то таҳаққуқ ва аҳдофи мардуми Фаластин ва муборизони он идома медиҳад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Ал Аҳд»-и Лубнон, Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон сешанбешаб дар суханронии худ ба муносибати моҳи муҳаррам таъкид кард, муқовимати Лубнон, ки аз 8-октябри 2023, фаъолияти худро дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин дар муқобили ҳамалоти режими саҳюнистӣ оғоз карда, то расидан ба ҳадаф, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба он чашм дӯхтаем ба пеш меравад ва роҳи бозгаште дар кор нахоҳад буд.

Саидҳасан Насруллоҳ афзуд, ҷабҳаҳои пуштибонӣ [майдонӣ] аз Ғазза дар Лубнон, Ироқ ва Яман ҳомиёни аслии сиёсии он дар минтақа як тасвири шодибахш аст.

 

Барчасп