Таҳрими густардаи суханронии Натанёҳу дар Конгресси Амрико
(last modified Wed, 24 Jul 2024 14:48:29 GMT )
Июл 24, 2024 19:48 Asia/Dushanbe
  • Сендерз суханронии Натанёҳу дар Конгресси Амрикоро шармовар хонд
    Сендерз суханронии Натанёҳу дар Конгресси Амрикоро шармовар хонд

Пеш аз суханронии Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Конгресси Амрико, шуморе аз қонунгузорон ин суханрониро таҳрим карданд ва ҳамчунон теъдоди мухолифон ба вай рӯ ба афзоиш аст.

Шумори таҳримкунандагони суханронии Натанёҳу дар конгресс, ба вижа дар миёни Ҳизби демократ дар ҳоли афзоиш аст.

Берни Сендерз, сенатори тараққихоҳу яҳудӣ, сенатор Пети Мури, сенатор Тим Кин, сенатор Карин Вен Ҳулен ва Ҷеймс Калибрен, аз намояндагони барҷастаи Маҷлиси намояндагони Амрико, аз ҷумлаи машҳуртарин чеҳраҳое ҳастанд, ки эълом кардаанд, дар маросими суханронии Натанёҳу ширкат намекунанд.

Сендерз суханронии Натанёҳу дар Конгресси Амрикоро шармовар хонд.

Рашида Толиб - танҳо намояндаи фаластинитабори Конгресси Амрико дар паёме дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимои “Икс” (Твиттери собиқ) дар ин бора навишт: Суханронии Натанёҳу дар конгресс ҷашне барои поксозии қавмии фаластиниён дар Ғазза аст. Бе тардид рӯзи ғамгине барои демократияи Амрико хоҳад буд, замоне ки ҳамқаторони ман дар конгресс иқдом ба задани лабханд ба фарде мекунанд, ки муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудааст.

Кори Буш, дигар қонунгзори амрикоӣ дар вокуниш ба суханронии Натанёҳу дар Конгресс дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт: Қонунгузороне, ки содиқона дар бораи демократия ва озодӣ сухан мегӯянд, бояд бидонанд дифоъ аз ин маворид танҳо ба сухан нест. Ман суханронии Натанёҳу дар конгрессро таҳрим хоҳам кард.