Исроил нуфузи лоббиҳо дар Амрико ва ҷанги тамаддунӣ - динӣ дар Ғарби Осиё
(last modified 2024-07-25T08:09:51+00:00 )
Июл 25, 2024 13:09 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи Амрико ва ҷанги Ғазза
    Интихоботи Амрико ва ҷанги Ғазза

Порс-тудей. Режими саҳюнистӣ даҳаҳост бо эъмоли зулму ҷавр бар фаластиниён, куштори бераҳмонаи онон, идомаи шаҳраксозиҳо, нодида гирифтани ҳуқуқи фаластиниён, мамониат аз кумакрасонӣ ба онҳо ҳатто дар бахшҳои доруӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ, дар садади густариши султаи худ бар сарзаминҳои фаластиниёну ғасби бештари он аст. Эъмоли ин сиёсатҳо бо ҳимояти Амрико ва лоббии саҳюнист дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мумкин шудааст.

Таъсири мустақиму ғайримустақими лоббиҳои саҳюнист бар рӯи таъйини сиёсати хориҷии Амрико, мавзеи ғайриқобили инкор аст. Ин лоббиҳо як анҷумани сиррии зеризаминӣ, гуруҳи нуфузии тавтеагар ё як созмон бо раҳбарии мушаххас нестанд, балки лоббии Исроил шомили теъдоди зиёде аз афроду ташаккулҳост, ки фаъолона дар талошанд сиёсати хориҷии Амрикоро ба нафъи Исроил ҳидоят кунанд. Дар ин матлаб аз “Порс –тудей” ба ҷавонибе аз ин амр пардохта шудааст:

 

Ду лоббии бузургтар

Лоббиҳои саҳюнистии зиёде дар сиёсати Амрико муассир ҳастанд, ки аз муҳимтарини онҳо метавон ба «Ойпак» ва «Ҷи стрит» ишора кард. “Ойпак” барои кашидаин номзадҳои интихоботӣ ба самти худ ва рӯи кор омадани руасои ҷумҳуру афроде ки гароиш ба самти Исроил дошта бошанд, ҳазинаи зиёде мекунад ва ин ҳазинаҳо барояш суди чандбаробарӣ дорад. Тибқи як гузориш аз шабакаи Алҷазира, дар ивази ҳар долларе ки лоббии исроилӣ барои таъсиргузорӣ бар интихоботи Амрико ҳазина мекунад, режими саҳюнистӣ 50 доллар кумак барои сохтусоз ва таслеҳи шаҳракҳо аз Иёлоти Муттаҳида дарёфт мекунад.

 

Интихоботи Амрико ва ҷанги Ғазза

Дар миёнаи ҷанги ахир дар Ғазза, ҷанге ки боиси шаҳодати дастикам 39 ҳазор фаластинӣ ва захмӣ шудани беш аз 90 ҳазори дигар шудааст, танӯри интихоботии Амрико рӯз ба рӯз доғтар мешавад. Бо инки амрикоиҳо дар ин солҳо аз мушкилоти зиёди дохилӣ монанди рукуди иқтисодӣ, масоили зистмуҳитӣ ва масоили иҷтимоӣ ранҷ мебаранд, аҳзоби ин кишвар ҳамеша бар сари ҳимоят аз Исроил яксадо будаанд ва иттифоқан мабоҳиси перомуни Исроил - Фаластин дар конуни таваҷҷуҳоти ҷумҳурихоҳону демократҳо дар интихоботи 2024 қарор гирифтааст.

 

Ҷанги тамаддунӣ ва ҷанги охируззамонӣ

Тибқи як нақли машҳур, барои сиёсатмадорони амрикоӣ, Исроил шарқитарин нуқта дар тамаддуни Ғарб аст, ки вазифа дорад зимни ҳифозат аз манофеи стратегии Вашингтон, ҷилави пешравии шарқиҳо ба он сӯи марзҳои Медитаронаи шарқиро бигирад. Дар чунин нигоҳе Байтулмуқаддас нахустин дижи Ғарб дар баробари тамаддунҳои Ислом, ҳинду ва конфутсиус аст ва бояд ба ҳар қимате бақои он тазмин шавад.

Шояд ба ҳамин далел Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар дидор бо Исҳоқ Ҳертзуг, раиси режими саҳюнистӣ бо итминон гуфт, ки агар Исроил вуҷуд надошт  ҳатман онро эҷод мекардем.

Ба ақидаи коршиносони сиёсӣ, аҳамияти Исроил барои Амрико фақат амниятӣ - иқтисодӣ ва сиёсӣ нест. Аҳамияти Исроил барои Амрико як мавзӯи эътиқодӣ, динӣ, имонӣ ва мазҳабӣ аст. Дар Амрико ҳудуди 70 то 80 миллион масеҳӣ ҳастанд, ки муътақиданд Исои Масеҳ замоне зуҳур мекунад, ки иттифоқоте дар Ғарби Осиё аз тариқи саҳюнистҳо ба вуқуъ бипайвандад. Ин афрод дар воқеъ касоне ҳастанд, ки ба «Евенҷилист» маъруфанд. Онҳо муътақиданд, ки ҷанги бузурге миёни яҳудиёну ҳамсоягони араб ва мусулмон дар хоҳад гирифт. Дар ин ҷанг Масҷидулақсо ва қуббатуссахра нобуд мешаваду маъбади Сулаймон дар ҳамон нуқта сохта хоҳад шуд ва ҷанги охируззамонӣ шакл мегираду Исои Масеҳ зуҳур хоҳад кард. Эътиқоде, ки аз як манзар боиси ишғоли кишвари Фаластин тавассути саҳюнистҳо шудааст.

Бозгарии истеъмор, таъсиси режим ва чолиш бо Эрон дар Ғарби Осиё

Ниҳоят ин ки сохтори режими Исроил аз соли 1917 бо нуфузи падарони лоббигарони ҷадид дар Ғарб ва тарроҳии истеъмори Англия аз тариқи муҳоҷират додани яҳудиёну саҳюнистҳои кишварҳои мухталиф ба сарзамини фаластиниҳо эҷод ва дар соли 1948 мавҷудияти он эълом шуд. Аз он замон ба баъд буд, ки тарҳҳои куштори ҷамъии мухталифе барои наслкушии мардуми Фаластин ва тасоҳуби тамоми сарзамини онҳо анҷом шудааст.

Дар ин миён шуморе кишварҳо бо пешоҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳомиёни ҷиддии инҳилоли режими истеъмории Исроил ва бозгашти яҳудиён ба кишварҳои аслии худашон ҳастанд. Аз ин рӯ, ин амр бисёр муҳим аст, ки дар таҳлили воқеии ҷанги 7 октябр ин решаҳову бозигаронро дуруст шиносоӣ кардаву таҳлил кунем.

 

Барчасп