Таҳлигари араб: Амрико агар ба дунболи поёни ҷанги Ғазза буд, 20 миллиард доллар силоҳ ба Исроил намедод
(last modified 2024-08-17T14:04:50+00:00 )
Август 17, 2024 19:04 Asia/Dushanbe
  • Таҳлигари араб: Амрико агар ба дунболи поёни ҷанги Ғазза буд, 20 миллиард доллар силоҳ ба Исроил намедод

Атвон дар мақолае ба таҳлили рӯйкарди кишварҳои арабӣ дар қиболи музокироти оташбаси Ғазза мепардозад ва бо интиқоди шадид аз нақши воситаҳои арабӣ, монанди Мисру Қатар ишора мекунад, ки ин кишварҳо бидуни ҳеҷ шарте вориди музокирот шудаанд, ҳатто пас аз онки Натаняҳу амдан муртакиби қатли ом дар Ғазза шуд.

Абдулбори Атвон, нависанда ва таҳлилгари барҷастаи ҷаҳони араб, дар мақолае дар рӯзномаи “Rai Elium” ба таҳлили тасмими шуҷоонаи Яҳё Синвор, раҳбари ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос), дар бойкоти музокироти Давҳа пардохтааст.

Ба гузориши Порс тудей, вай дар ин мақолаи тасмими Синворро нишондиҳандаи каромату салобати Ҳамос дар баробари фишорҳои хориҷӣ медонад.

Вай ҳамчунин ин тасмими ҷунбиши Ҳамосро намоёнгари шикасти таҳдидоти Амрико ва фишорҳои шадиди миёнҷигарони араб тайи 10 моҳи гузашта аз ҷанг алайҳи Борикаи Ғазза қаламдод кард.

Вай афзуд: Ин музаккарот таҳти сарпарастии Вилям Бернс, раиси Созмони ҷосӯсии Амрико мавсӯм ба «СИА» бо аҷала тартиб дода шуд ва ҳадафаш таваққуф ё таъвиқи вокуниши меҳвари муқовимат ба террори шаҳид Исмоил Ҳания дар Теҳрон ва Фуод Шукар дар ҷануби Бейрут буд, ки роҳ ба ҷое намебарад, зеро натаняҳу омидона даст ба ин террорҳо бо ҳадафи шуълавар кардани ҷанги минтақа ва даргир кардани Амрико ва муттаҳидони ғарбии он задааст. Ҳатто Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико низ ба дунболи таваққуфи ҷанг нест ва ҷуръати ворид овардани фишоре бар Натаняҳу ва кабинаи ӯро надорад ва бо чашмони боз ва дар авҷи хиффат ба диктаҳои хостаҳои ӯ тан медиҳад ва охирин маврид низ ирсоли таҷҳизоти низомии пешрафта ба қимати бист миллиард доллар шомили ҷангандаҳо ва бомбҳои вайронгар, ки тавони рахна дар истеҳкомоти воқеъ шуда дар зери кӯҳҳоро дорад.

Ин таҳлилгар идома дод: Синвор, ки набарди низомӣ ва сиёсиро аз зери яке аз тунелҳои Ғазза мудирият мекунад, собит карда, ки аз Амрико ва режими ишғолгар ҳаросе надорад ва ба сарони араби маръубу таслим шуда таваҷҷӯҳе надорад ва бо саҳюнист бо забони зӯру набарди низомӣ рӯбарӯ мешавад.

Атвон навишт: Натаняҳу гумон мекунад, ки бо иртикоби куштор дар Ғазза ва террори шаҳид Ҳания метавонад муқовиматро битарсонаду шурӯти худро таҳмил кунад, аммо натоиҷ комилан баракс шуд ва боризтарини он адами мушорикати Ҳамос дар даври ҷадиди музокирот барои дастёбӣ ба оташбас ва мубодилаи асирон дар Давҳа ва исрор бар иҷрои хостаҳо ва тавофуқҳои қаблӣ дар ин замина буд. 10 моҳи ҷанг сабаб нашудааст, ки раҳбарони муқовимати Фаластин дар Ғазза имтиёзе бидиҳанд, дар ҳоле, ки даргузашта тавофуқоти созиши «Кемп-Дэвид» ва  «Осло» тайи чанд рӯз ва чӣ басо чанд соат рақам хӯрд.

Вай бо ишора ба ҳузури миёнҷигарони араб дар музокирот ва “тан додани руасои созмонҳои иттилоотии арабӣ ба хостаҳои Амрико”, аз он ба масобаи мушаввиқе барои Вашингтон ба манзури тадовуми ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ва кушторҳояш ва фахрфурӯшӣ ба арабҳо ном бурд.

Ин таҳлилгар аз сарони араб хост, ки “аз дастовардҳо ва ҳикмату ақлоният сухан бигуянд ва аз хизмат кардан ба натаняҳу ва генералҳои ӯ ва бароварда кардани ниёзҳои ғизоии режими саҳюнистӣ аз тариқи марзи заминии худ бо Фаластини ишғолӣ худдорӣ кунанд, бавижа, ки наметавонанд як кисаи орд ё як ботрии об ё картони дору барои сокинон Ғазза бифиристанд”.

Вай бо баёни инки таҳдидоти амрикоӣ бо овардани новҳои ҷангӣ ва зердарёии ҳастаӣ ҳаросе дар дили яманиҳо эҷод накардааст, аз раиси ҷадиди дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ситоиш кард ва навишт: Синвор мубориз ҳақ дорад, ки бо осӯдагии хотиру итминон аз маркази зеризаминии худ дар Ғазза авзоъро ба кумаки муовини худ идора кунад. Ин мубориз аз назари мо на танҳо тавони раҳбарии миллати Фаластин, балки ҷаҳони арабро дорад.

 

Барчасп