Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон : Таърих шоҳиди Ҳитлери дигари инбор дар Ғарби Осиё аст
(last modified 2024-09-02T12:43:37+00:00 )
Сентябр 02, 2024 17:43 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон : Таърих шоҳиди Ҳитлери дигари инбор дар Ғарби Осиё аст
    Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон : Таърих шоҳиди Ҳитлери дигари инбор дар Ғарби Осиё аст

Порс Тудей - Носири Канъонӣ дар сафҳаи маҷозӣ худ навишт : Ҷомеъаи башарӣ беш аз ҳар замонӣ , ташнаи инсонияту адолат ва хостори муҳокимаи сарони ҷинояткори режим саҳюнистӣ аст .

Носири Канъонӣ сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимои Экс ба маҳкӯмияти сукут дар баробари ҷиноёти режим саҳюнистӣ пардохт . Ба гузориши Порс Тудей, вай дар ин шабака навишт : Ҳудӯди ҳашт даҳа пас аз додгоҳи Нуремберг , таърих дубораи шоҳиди зуҳӯри як Ҳитлери дигар аст ; Ҷинояткоре, ки наслкушӣ ва куштори бераҳмонаи занону кӯдакони бегуноҳи фаластиниро дар сояи беамалии ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо шиддат ва қасоват идома медиҳад .

Канъонӣ афзӯд : Муддаиёни дифоъ аз ҳуқуқи башар агар барои башарияту ҷони инсонҳо арзишии қоил ҳастанд , акнӯн вақти иқдом аст ва фардо дер аст . Ҷомеъаи башарӣ беш аз ҳар замонӣ , ташнаи инсонияту адолат ва хостори муҳокимаи сарони ҷинояткори режими саҳюнистӣ аст .

Дар ҳамин замина ва дар талош барои костан аз таҷовузоти режими саҳюнистӣ вазири хориҷаи Эрон даври ҷадидӣ аз таҳаррукотро оғоз карда аст .

Сайидаббоси Ироқчӣ , дар дидори рӯзи гузаштаи худ бо « Саидабдуллоҳи Сайфиддин » намояндаи Ҳизбиуллоҳи Лубнон дар Теҳрон бар идомаи сиёсати усӯлии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз муқовимат ва муборизоти машрӯъи миллатҳои минтақа алайҳи ишғолгарии саҳюнистӣ таъкид кард.

Барчасп