Тафсир: Ояндаи ғайрибоваринок ва беҳуввиятӣ-омили шиддатёбии муҳоҷирати баракс; нигаронии бузурги сарони Исроил
(last modified 2024-10-07T14:25:35+00:00 )
Октябр 07, 2024 19:25 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Ояндаи ғайрибоваринок ва беҳуввиятӣ-омили шиддатёбии муҳоҷирати баракс; нигаронии бузурги сарони Исроил

Порстудей-Натиҷаҳои як пажӯҳиши анҷомшуда дар сарзаминҳои ишғолӣ аз шиддатёбии муҳоҷирати баракс дар ин минтақа ҳикоят дорад.

 Натиҷаҳои як назарсанҷии суратгирифта аз сӯи пажӯҳишкадаи саҳюнистии "Қинтор" баёнгари он аст, ки як чаҳоряки сокинони сарзаминҳои ишғолӣ тайи як соли гузашта ба фикри тарки ин минтақа будаанд. Ба гузориши Порстудей, дар ҳамин хусус шабакаи саҳюнистии "Кан" гузориш дод, ки омори муҳоҷирати маъкус(баракс) дар сарзаминҳои ишғолӣ ба сурати ошкор ҳатто қабл аз оғози амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо афзоиш ёфта ва теъдод касоне, ки сарзаминҳои ишғолиро тарк мекунанд, нисбат ба касоне, ки ба ин минтақа муҳоҷират мекунанд тайи солҳои ахир бештар шудааст.

 Рӯзномаи саҳюнистии "Гааретс" низ рӯзи шанбе иқрор кард, ки 2 ҳазору 190 саҳюнист тайи моҳҳои гузашта аз сарзаминҳои ишғолӣ фирор кардаанд. Дар идомаи ин гузориш омадааст, саҳюнистҳои мазкур қасди бозгашт ба сарзаминҳои ишғолиро надоранд ва дар Нидерландия мустақар шудаанд.

 Аз замони оғози амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо алайҳи режими саҳюнистӣ тайи як соли гузашта омори муҳоҷирати маъкус аз сарзаминҳои ишғолӣ ба шиддат афзоиш ёфтааст. Вахомати авзоъи иқтисодӣ ва набуди амният дар сарзаминҳои ишғолӣ дар канори беҳуввиятӣ аз муҳиммтарин далилҳои муҳоҷирати маъкуси саҳюнистҳо аз ин минтақа аст; рӯйдоде, ки боиси нигаронии мақомоти саҳюнист шудааст.