Исроил бо чӣ ҳадафе тавофуқи оташбас дар Лубнонро нақз мекунад?
(last modified Sun, 16 Feb 2025 09:08:55 GMT )
Феврал 16, 2025 14:08 Asia/Dushanbe
  • Исроил бо чӣ ҳадафе тавофуқи оташбас дар Лубнонро нақз мекунад?

Порс тудей - Режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба ҷануби Лубнон муддаӣ шуд, ки яке аз фармондеҳони ягони ҳавоии Ҳизбуллоҳро террор кардааст.

Бо вуҷӯди эъломи тавофуқи оташбас миёни Лубнону режими саҳюнистӣ, ин режим ҳамчунон дар умӯри дохилии Лубнон мудохила ва ҳокимияти миллии Лубнонро нақзу манотиқе аз ин кишварро бомбаборон мекунад.

Ба гузориши Порс тудей, шабакаи Ал Маёдин шанбешаб эълом кард, дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба як худрав дар шаҳраки Ҷарҷуъи Лубнон, 2 тан шаҳид ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Исраэл Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ иддао кард, ки яке аз фармондеҳони ягони ҳавоии Ҳизбуллоҳ дар ин ҳамла ҳадаф қарор гирифта шудааст. Токунӯн Ҳизбуллоҳи Лубнон вокунише ба ин иддаои режими саҳюнистӣ нишон надодааст.

Лубнон замини таарруз нест

Иброҳим Мусавӣ, намояндаи порлумони Лубнон рӯзи шанбе дар вокуниш ба таҳдиди режими саҳюнистӣ дар бораи ҳадаф қарордодани парвози эронии ҳомили шаҳрвандони лубнонӣ эълом кард, таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба ҳокимияти Лубнону ҳамдастии ҷомеъаи ҷаҳонӣ бавижа Амрико, мӯҷиби густохии бештари ин режим шудааст. Ҳама дар Лубнон бояд бо садои баланд онро тақбеҳ карда ва ниҳодҳои байналмилалии масъулро водор ба иқдом кунанд. Набояд иҷоза дод, режими саҳюнистӣ тасаввур кунад, метавонад ҳар замон, ки бихоҳад ба ҳокимияти Лубнон таарруз кунад.

Дар ҳамин иртибот ва бо фарохони Ҳизбуллоҳи Лубнон, мардуми ин кишвар таҷаммуъи эътирозӣ баргузор карданд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон низ таҳдиди ҳавопаймои мусофирии ҳомили шаҳрвандони лубнонӣ аз сӯи Исроилро нақзи ҳокимияти миллии Лубнону таҳдиде алайҳи эминии ҳавонавардии кишварӣ донист.

Амрико ва Исроил ба дунболи султа бар Лубнон

Ба гузориши шабакаи Ал Минор, Маҳмуди Қумотӣ, ноибраиси Шӯрои сиёсии ҷунбиши Ҳизбуллоҳ асри шанбе дар ҷамъи мардумӣ, ки бино ба даъвати ин ҷунбиш дар ҷодаи мунтаҳӣ ба фурудгоҳи Байрут таҷаммуъ карда буданд, гуфт: Мо намепазирем, ки Лубнон таҳти султаи Амрико ва Исроил бошад, мамониат аз фурӯди ҳавопаймоҳои эронӣ дар фурудгоҳи Бейрут, иҳонат ба давлати Лубнону таъйидкунандаи таҳмили диктаҳои Амрико бар ин давлат аст, мо ҳаргиз диктаҳои хориҷиро қабул намекунем, Эрон кишвари дӯст аст. Мардуми ҳомии муқовимат, мухолифи сиёсати таҳқиромези амрикоӣ ва исроилӣ аст ва ҳаргиз онро намепазиранд.

Эътирозоти мардумӣ ба мамониат аз фурӯди ҳавопаймоҳои эронӣ дар фурудгоҳи Бейрут ҳамчунон идома дорад. Сокинони хашмгини манотиқи мухталифи Бейрут панҷшанбешаб бо ҳаракат ба сӯрати худҷӯш дар эътироз ба дахолатҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ ба хиёбонҳо рехта ва ҷодаи мунтаҳӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Бейрутро масдӯд карданд.