Вуқуъи оташсузи дар таъсисоти нефтии Бақиқ дар Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125258-Вуқуъи_оташсузи_дар_таъсисоти_нефтии_Бақиқ_дар_Арабистон
Порс Тудей- Блумберг гузориш дод тасовири моҳвораӣ нишон медиҳад, ки оташсузи дар корхонаи фароварии нефти Бақиқ дар шарқи Арабистон дар ҳоли вуқуъ аст.
(last modified 2026-07-28T12:30:27+00:00 )
Июл 28, 2026 17:27 Asia/Dushanbe
  • Вуқуъи оташсузи дар таъсисоти нефтии Арабистони Саъудӣ
    Вуқуъи оташсузи дар таъсисоти нефтии Арабистони Саъудӣ

Порс Тудей- Блумберг гузориш дод тасовири моҳвораӣ нишон медиҳад, ки оташсузи дар корхонаи фароварии нефти Бақиқ дар шарқи Арабистон дар ҳоли вуқуъ аст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз пойгоҳи хабараии Араб Журнов, Блумберг ба нақл аз як ширкати хусуси дар таҳлили тасовири моҳвораӣ эълом кард, ки тасовири гирифта шуда тавассути моҳвораи "Санстинел-2" дар рузи душанбе дуд ва хисорот ноши аз оташсузи дар дохили таъсисоти фароварии нефт дар бақиқ дар шарқи Арабистонро нишон медиҳад. Ин таъсисот ба далели зарфияти фаровари ҳудуди 7 миллион бушка нефти хом дар руз аз аҳамияти стратежикии боло бархурдор аст.

Пештар сартип Яҳё Сареъ сухангуи неруҳои мусаллаҳи Яман рузи душанбе аз маҷмуъаи аз ҳамалоти паҳподии неруҳои мусаллаҳи Яман хабар дод, ки чандин макони ҳасос ва сойти марбут ба таъмин ва интиқоли нефти хомро дар имтидоди масири аз шарқи Арабистон то бандари Янбаъ дар дарёи Сурх ҳадаф қарор дода аст.

Вай таъкид кард ин ҳамалот дар вокуниш ба нақзи ҳавоӣ Яман тавассути паҳподҳои душмани саъудӣ сурат гирифта аст.

Вазорати хориҷаи Яман дар баёнияи ба Арабистони Саъудӣ ҳушдор дод дар сурате, ки даст аз муҳосираи Яман бар надорад бояд мунтазири натоиҷи муҷозоти шадид бошад дар идомаи ин баёния омада аст, ки мардуми Яман ҳаргиз хуни даҳо ҳазор шаҳидеро, ки дар тули 12 соли гузашта бар асари ҳамалоти ҳавоӣ Арабистони Саъудӣ ба шаҳодат расиданд фаромуш нахоҳад кард.

Ин вазоратхона таъкид кард, ки Арабистон бояд бидонад, ки вазъияти фурудгоҳи Риёз бояд монанди вазъияти фурудгоҳи Санъо бошад ва вазъияти бандарҳои Янбаъ ва Ҷизон ва дигар бандарҳо низ монанди вазъияти бандари Ал-Ҳудайда бошад.