Тасвиби чаҳор қатънома дар ҳимоят аз Фаластин дар Шӯрои амнияти Созмони милал
(last modified 2017-03-25T08:12:47+00:00 )
Март 25, 2017 13:12 Asia/Dushanbe
  • Амрикову режими саҳюнистӣ талош мекарданд то бо ҳамсӯ кардани бархе кишварҳо бо худ, монеъ аз тасвиби ин қатъномаҳо шаванд.
    Амрикову режими саҳюнистӣ талош мекарданд то бо ҳамсӯ кардани бархе кишварҳо бо худ, монеъ аз тасвиби ин қатъномаҳо шаванд.

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар 34 –умин нишасти худ дар Женева, бо аксарияти қотеи оро, чаҳор қатънома дар ҳимоят аз Фаластин ба тасвиб расонд.

Ба гузориши Маркази итилоърасонии Фаластин, Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид рӯзи ҷумъа бо аксарияти қотеи оро чаҳор қатъномаро бо мазмуни маҳкум кардани нақзи ҳуқуқи фаластиниён дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғазза, маҳкум кардани шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ, ҳимоят аз ҳаққи таъйини сарнавишти миллати Фаластин ва вазъияти ҳуқуқи башар дар заминҳои ишғолии Фаластин, бо аксарияти райъ ба тасвиб расонд.

Фаластиниён метавонанд аз қатъномаҳои тасвибшуда дар Девони кайфарии байналмилалӣ истифода кунанд.

Аз сӯйи дигар, Амрикову режими саҳюнистии Исроил талош мекарданд то бо ҳамсӯ кардани бархе кишварҳо бо худ, монеъ аз тасвиби ин қатъномаҳо шаванд.

Ҳамчунин Вазорати хориҷаи Амрико авоили ҳафтаи ҷорӣ Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милалро ба рӯйи даст гирифтани мавозеи зиддиисроилӣ муттаҳам кардаву ба ҳамин хотир ин давр аз нишастҳоро таҳрим кард.

Ин дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ ба ҳеч як аз қатъномаҳои байналмилалӣ эътиное накардааст ва ҳамчунон ба шаҳраксозӣ ва куштори фаластиниёну муҳосираи борикаи Ғазза идома медиҳад.

 

Барчасп