Дархости режими саҳюнистӣ барои барқарории равобит бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс
(last modified Sat, 24 Jun 2017 14:40:49 GMT )
Июн 24, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Дархости режими саҳюнистӣ барои барқарории равобит бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс

Режими саҳюнистӣ барқарории равобит бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс бо миёнҷигарии Арабистони Саудиро хостор шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи “The Times”-и Исроил чопи Фаластини ишғолӣ,  Исраэл Катс, вазири иттилооти режими саҳюнистӣ гуфт, Исроил барои барқарории равобит бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, бояд равобити комилан амниятӣ ва иттилоотии худро бо Арабистон густариш диҳад.

Вазири иттилооти Исроил барои таҳаққуқи ин мавзӯъ пешниҳод дод, Риёз Бинямин Натаняҳу, нахуствазири Исроилро барои дидори расмӣ ва гуфтугӯ дар бораи раванди созиши Исроил ва фаластиниён даъват кунад.

Катс тасреҳ кард, Исроил ҳам ба таври мутақобил аз валиаҳди тоза мансуб шудаи Арабистон барои сафар ба Тел Авив даъват кунад.

Мақомоти режими саҳюнистӣ аз ҷумла Айюб Коро, вазири иртибототи ин режим, аз интисоби рӯзи чаҳоршанбеи Маҳммад бин Салмон ба симати валиаҳди Арабистон истиқбол ва ибрози умедворӣ карданд ин тағйир раванди оштии Арабистон бо Исроилро тасреъ кунад.

Тибқи гузоришҳо, Исроил дар солҳои ахир бо бархе кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс равобити пинҳонӣ доштааст.

Пойгоҳи амрикоии “Midland East” пештар фош кард, ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ шарте буд, ки давлати Амрико барои ҳимоят аз валиаҳд шудани Муҳаммад бин Салмон ва даст кашидан аз Муҳаммад бин Ноиф гузошт ва эълом кард, агар ин шарт пазируфта шавад, Вашингтон ҳатто ҳозир аст “тоҷи подшоҳӣ” бар сари бин Салмон бигузорад.

 

 

Барчасп