Июл 04, 2017 16:23 Asia/Dushanbe
  • Посухи Қатар ба хостаҳои чаҳор кишвари арабӣ

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, Қатар посухи худро ба хостаҳои сездаҳгонаи чаҳор кишвар таҳримкунандаи худ бо сардории Оли Сауд эълом кардааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, муҳтавои посухи Доҳа, ки таҳвили Кувейт ба унвони миёнҷӣ шуда ва қарор аст, фардо, чаҳоршанбе, вазирони умури хориҷии чаҳор кишвари арабии таҳримкунандаи Қатар дар Қоҳира онро баррасӣ кунанд, то кунун ошкор нашудааст. Бо ин ҳол, “Хабаргузории Кувейт” эҳтимол додааст, Қатар шартҳои чаҳор кишвари таҳримкунандаро дастикам ба таври комил напазируфтааст.

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар рӯзи душанбе дар дидор бо Шайх Сабоҳ Аҳмад Ҷобир Сабоҳ, амири Квейт номаи Шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири Қатарро, ки посух ба хостаҳои Арабистон, Баҳрайн, Аморот ва Миср аст, ба ӯ ироа кард. Манобеи дипломатӣ дар Вашингтон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи фароминтақаии “ал-Ҳаёт”-и Саудӣ таъкид карданд, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико барои оғози музокирот ва ҳаллу фасли буҳрони феълӣ Доҳаро таҳти фишорҳои дипломатӣ қарор додааст.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср панҷуми июни имсол қатъи равобити дипломатии худро бо Қатар эълом ва ин кишварро муҳосираи иқтисодӣ карданд. Арабистон ва ҳампаймононаш ҳамчунин 23-юми июн феҳрасти 13-гонае аз дархостҳоро ба Қатар таҳвил доданд ва эълом карданд, ки оддӣ шудани равобит бо Доҳа вобаста ба амалӣ шудани ҳама ин хостаҳост. Муҳимтарин шартҳое, ки Арабистон барои Қатар таъйин кардааст, қатъи равобити дипломатии Қатар бо Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, таътили комили шабакаи “ал-Ҷазира” ва барчидани пойгоҳи низомии Туркия дар хоки Қатар аст.

 

Барчасп