Қадрдонии Башор Асад аз кӯмакҳои Эрон ба мубориза бо терроризм дар Сурия
(last modified Wed, 30 Aug 2017 16:00:03 GMT )
Август 30, 2017 21:00 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Башор Асад аз кӯмакҳои Эрон ба мубориза бо терроризм дар Сурия

Раиси ҷумҳурии Сурия дар дидори муовини вазири хориҷаи Эрон дар Димишқ‏, ҳифзи ҳушёрӣ ва ҳамоҳангии Сурия ва Эронро зарурӣ донист ва аз Эрон қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Башор Асад дар дидор бо Ҳусайн Ҷобирии Ансорӣ, муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон аз ҳимоятҳои миллат, давлат ва Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Сурия дар мубориза бо терроризм қадрдонӣ кард.

Ҷобирии Ансорӣ низ дар ин дидор зимни ироаи гузорише аз раванди иртибототи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тарафҳои мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар робита бо Сурия, идома ёфтани ройзании доим ва наздик миёни ду тарафро зарурӣ донист.

Ҷобирии Ансорӣ ва Башор Асад ҳамчунин бо мурури охирин таҳаввулоти майдонӣ ва сиёсӣ, дар бораи уфуқҳои пешорӯ дар заминаи ҳалли буҳрони Сурия, ба вижа дар чорчӯби раванди Остона гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ҷобирии Ансорӣ, ки барои дидор бо мақомоти сурӣ ба Димишқ сафар кардааст, рӯзи чаҳоршанбе бо Валид Муаллим, вазирм хориҷам Сурия низ дидор ва гуфтугӯ кард.

 

Барчасп