Ҳабси абад дар интизори раисиҷумҳури собиқи Миср
Додгоҳи таҷдиди назари Миср, эътирози додситонӣ нисбат ба ҳукми бароати Мурсӣ ва шаш нафари дигарро ба иттиҳоми ифшои асноде, ки ба зарари амнияти миллии кишвар буда, рад кард.
Шабакаи хабарии “Ал Олам” дар хабари фаврӣ эълом кард, додгоҳи таҷдиди назари Миср имрӯз (шанбе), ҳукми ҳабси абади раисиҷумҳури барканор шудаи ин кишварро дар парвандаи ҷосусиӣ таъйид кард.
Додгоҳи Миср имрӯз ҳукми ҳабси абад (25 сол) Муҳаммад Мурсиро ба иттиҳоми раҳбарии як ташкилоти мамнуъа таъйид кард ва дар ҳукме дигар, ҳабси 15 солаи ӯро ба иттиҳоми ифшои асноди сирии марбут ба амнияти миллии кишвар, ки дар расонаҳо ба «ҷосусӣ бо Қатар» маъруф аст, лағв кард. Додгоҳи Миср ҳамчунин эътирози додситонӣ нисбат ба ҳукми бароати Мурсӣ ва шаш нафари дигарро ба иттиҳоми ифшои асноде, ки ба зарари амнияти миллии кишвар буда, рад кард.