Апрел 06, 2018 19:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 100 низомии судонӣ дар Яман

Дар амалиёти нерӯҳои Яман дар ғарби ин кишвар ҳудуди 100 низомии судонии узви эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба ‎ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, нерӯҳои ҷунбиши “Ансоруллоҳ” ва артиши Яман рӯзи панҷшанбе низомиёни судонии узви эътилофи мутаҷовизи Саудиро дар ду меҳвар, Алмазореъ ва Алмахозин дар саҳрои Мидии вилояти Ҳаҷҷа ҳадаф қарор доданд. Нерӯҳои “Ансоруллоҳ” ва артиши Яман пас аз муҳосираи муҳоҷимон мавозеи онҳоро ҳадаф қарор доданд ва беш аз 10 мошини низомӣ, аз ҷумлаи танку нафарбарҳои зиреҳии ононро мунҳадим карданд.

Пештар низомиёни Судон бо пуштибонии ҳавоии режими Саудӣ ҳамалоти густурдаеро бо ҳадафи ишғоли саҳрои Мидӣ оғоз карда буданд. Режими Саудӣ қасд дорад, бо ишғоли комили саҳрои Мидӣ, шимолу ғарби вилояти Ҳаҷҷа иртиботи нерӯҳои яманиро бо манотиқи соҳилӣ қатъ кунад.

Артиши Судон аз 25-уми марти соли 2015 то кунун ба дархости Арабистони Саудӣ дар ҷанг бо мардуми Яман ширкат дорад.

 

Барчасп