Режими саҳюнистӣ хатиби Масҷидулақсоро боздошт кард
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i33526-Режими_саҳюнистӣ_хатиби_Масҷидулақсоро_боздошт_кард
Режими саҳюнистӣ шомгоҳи сешанбе Шайх Акрама Сабрӣ, раиси ҳайъати олии исломии Байтулмуқаддас ва хатиби Масҷидулақсоро боздошт кард.  
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Май 02, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ хатиби Масҷидулақсоро боздошт кард

Режими саҳюнистӣ шомгоҳи сешанбе Шайх Акрама Сабрӣ, раиси ҳайъати олии исломии Байтулмуқаддас ва хатиби Масҷидулақсоро боздошт кард.  

Арие Дерӣ, вазири дохилии режими саҳюнистӣ, ки ин ҳукми боздоштро содир кардааст, гуфт: Шайх Сабрӣ робитаи маҳкаме бо нерӯҳои ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Туркия ва дигар кишварҳо дорад ва дар конфронсҳо алайҳи режими саҳюнистӣ суханронӣ мекунад.  

Режими саҳюнистӣ пеш аз ин низ Шайх Сабриро мамнуулсафар карда буд.  

Шайх Сабрӣ боздошти худро золимона, тавҷеҳнопазир ва ғайриқонунӣ донист ва гуфт, дар ҳукми боздошташ ҳеҷ далеле зикр нашудааст.