Май 07, 2018 13:59 Asia/Dushanbe
  • Таъаррузҳои густардаи режими саҳюнистӣ ба муқаддасоти исломӣ дар Фаластин

Вазорати уқофи Фаластин аз 128 маврди таъаррузи низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист ба муқаддасоти исломӣ дар Фаластин тайи моҳи гузашта (апрел) хабар дод.

Ба гузориши Маркази иттилорасонии Фаластин, Вазорати уқофи Фаластин рӯзи душанбе эълом кард низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист дар моҳи гузашта (апрел) даҳҳо бор ба масҷиди Муборакул-Ақсо дар шаҳри Қудс, ҳарами ҳазрати Иброҳим (а) дар шаҳри Алхалил теъдоде аз масҷидҳо, қабристонҳо ва маконҳои динии Фаластин таъарруз карданд.

Бар асоси ин гузориш низомиёни исроилӣ низ моҳи апрел ба баҳонаи фарорасидани идҳои яҳудӣ бо муҳосираи Масҷиду-Ақсо тадбирҳои шадиде барои вуруди намозгӯзорони фаластинӣ ба дохили ин макони муқаддас ба иҷро гузоштанд ва монеъи иқомаи Намози Ҷумъа дар ҳарами ҳазрати Иброҳим(а) шуданд.

Неруҳои артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин рӯзи душанбе бо ҳамла ба шаҳрҳои Байт Лаҳм, Ҷенин, Ноблис, Алхалил ва Қудс  20 фаластиниро ба баҳонаи анҷоми фаолиятҳои муборизотӣ ва муқовиматӣ боздошт карданд.

Аз сӯйи дигар дар идомаи ҳамлаҳои пай дар пайи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, сухагӯи артиши режими саҳюнистӣ эълом кард: Ин режим рӯзи якшанбе мавзеъҳои Ҳамосро дар шимоли Ғазза мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додааст.

Мақомоти Ҷунбиши Ҳамос, ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба мавзеъҳои гуруҳҳои фаластинӣ дар Ғаззаро баёнгари сардаргумӣ ва ҳайрати ин режим аз муқовимати мардуми Ғазза дар баробари идомаи ҷиноёти ишғолгарони саҳюнистӣ эълом кардаанд. 

Барчасп