Вуруди тими пизишкии исроилӣ ба Риёз барои назорат бар дармони Бен Салмон?
(last modified 2018-05-28T12:58:09+00:00 )
Май 28, 2018 17:58 Asia/Dushanbe
  • Вуруди тими пизишкии исроилӣ ба Риёз барои назорат бар дармони Бен Салмон?

Рӯзномаи фаластинии Алманори чопи Қудс навишт: Як тими пизишкии исроилӣ вориди Риёз, пойтахти Арабистон шудааст, то бар раванди дармони Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ назорат кунад.

Ин рӯзнома навиштааст: Муҳаммад бен Салмон аз 21 апрел ва пас аз ҳодисаи тирандозӣ дар наздикии кохи подшоҳи Саудӣ дар минтақаи Алхазомӣ дар шаҳри Риёз, дар расонаҳо ва анзори умумӣ ҳузур надошта ва аз сарнавишти вай хабаре дар даст нест.  

Ба навиштаи Алманор, Бен Салмон ҳангоми сафари ахири Майк Пампо, вазири хориҷаи Амрико ба Арабистони Саудӣ низ дар расонаҳо зоҳир нашуд.

 

Барчасп