Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва идомаи сиёсати террори раҳбарони ҲАМОС
(last modified 2018-05-30T07:05:46+00:00 )
Май 30, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва идомаи сиёсати террори раҳбарони ҲАМОС

Ҳамзамон бо интишори ахборе дар мавриди эҳтимоли оташбас дар борикаи Ғазза, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) бори дигар бахшҳое аз шимоли ин борикаро дар чандин навбат бомбаборон карданд.

Ба гузориши манобеи фаластинӣ, шабакаи 20-и телевизиони режими саҳюнистӣ ҳам гузориш дод, тонкҳои режими саҳюнистӣ ба самти шимоли борикаи Ғазза ҳаракат карданд.

Болгардҳои режими саҳюнистӣ низ як пойгоҳи мутааллиқ ба Ҷунбиши муқовмати исломии Фаластин (ҲАМОС) -ро дар ғарби Хон Юнус, ҷануби борикаи Ғазза ҳадаф қарор доданд.

Бархе манобеъ гузориш доданд, артиши режими саҳюнистӣ омодаи оғози амалиёте дар борикаи Ғазза бо номи “барқи хокистарӣ” аст.

Вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ ҳам сешанбешаб бар лузуми идомаи сиёсати террори раҳбарони ҲАМОС дар борикаи Ғазза таъкид ва иддао кард, онон мардуми Ғаззаро ба баргузории тазоҳурот дар марзи ин борика таҳрик кардаанд.

Гилад Эрдан изҳор дошт, сарони ҲАМОС, ба вижа Яҳё ас-Санвор, раиси дафтари сиёсии ҲАМОС дар борикаи Ғазза бояд террор шаванд.

Режими саҳюнистӣ то кунун шумори зиёде аз раҳбарони гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ, аз ҷумла ҲАМОС-ро террор кардааст.

Борикаи Ғазза дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди даври ҷадиди ҷиноёти саҳюнистҳо алайҳи мардум мазлуми Фаластин аст.

Аз 30-юми март то кунун беш аз 120 фаластинӣ дар роҳпаймоии мусолиматомези “ҳаққи бозгашт” дар борикаи Ғазза ба зарби гулӯлаи низомиёни исроилӣ шаҳид ва ҳудуди 13 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

 

Барчасп