Июн 03, 2018 12:55 Asia/Dushanbe
  • Ҷунбишҳои Фатҳ ва Ҳамос ҷиноятҳои Амрико ва Исроилро маҳкум карданд

Ҷунбишҳои фаластинии Ҳамос ва Фатҳ таъкид карданд саҳюнистҳо бо ҳимояти Амрико ба ҷиноятҳои худ алайҳи фаластинён идома медиҳанд.

Ба нақл аз хабаргузории Садову симо, сухангӯи ҷунбиши Ҳамос гуфт: Бенямин Нетанияҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ва Никӣ Ҳейлӣ намояндаи Амрико дар Созмони Миллал ба сабаби ҷиноятҳо ва хатаре, ки барои минтақа ва сулҳи ҷаҳонӣ доранд бояд дар девони байналмиллалии кайфарӣ муҳокима шаванд.

Фавзӣ Барҳум тасреҳ кард режими саҳюнистӣ бо рихтани хуни Рузон Алнаҷҷор парастори фаластиние, ки ба зарби тири низомиёни саҳюнист шаҳид шуд ба ҷаҳон собит кард миллати Фаластин бо чи терроризми созмонёфтае ру ба ру аст.

Сухангӯи ҷунбиши Фатҳ низ аз иқдоми Амрико дар ветои қатъномаи ҳимоят аз миллати Фаластин интиқод кард ва онро нанговар, ғайри ахлоқӣ, мутаноқиз бо қонун ва иҷмои байналмиллалӣ ва ҳимоят аз режими саҳюнистӣ донист.

Асома Алқавосимӣ аз кишварҳои ҷаҳон хост дар баробари режими саҳюнистӣ ва Амрико ва таъаддии онҳо ба миллати Фаластин истодагӣ кунанд.

Рӯзи ҷумъа қатъномаи пешниҳодии Кувайт, ки расидагӣ ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолиро хостор шуда буд бо вуҷуди 11 раъйи мувофиқ бо ветои Амрико аз дастури кори Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид хориҷ шуд.

Барчасп