Октябр 31, 2018 20:12 Asia/Dushanbe
  • Муҷтаҳид: Қатариҳо мақомоти Саудиро таҳқир карданд

Ифшокунандаи хабарҳои дохилии хонадони Саудӣ аз бархурди таҳқиромези қатариҳо бо вазири хориҷаи Арабистон ва низ мушовири малик Салмон дар Доҳа парда бардошт.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Муҷтаҳид, ки асрори Оли Саудро дар шабакаи Твиттер ифшо мекунад, навишт: Одил Алҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон дар сафари маҳрамона ба Қатар ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Доҳа мавриди истиқболи расмӣ қарор нагирифт ва танҳо корманди ташрифот ӯро ба хӯрдани қаҳва даъват карданд.

Муҷтаҳид ҳамчунин фош кард, ки шоҳзода Холид Алфайсал, мушовири подшоҳи Арабистон ва амири Макка низ дар сафар ба Доҳа аз мақомоти Қатар хост сафараш маҳрамона бимонад, аммо мақомоти қатарӣ бо ин дархост мухолифат карданд ва вай бидуни ин ки аз ҳавопаймо пойин биёяд, Доҳаро тарк кард.

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ сешанбеи гузашта дар ҳамоиши иқтисодии Риёз мавсум ба “Довуси саҳро” тамоюли Арабистонро ба азсаргирии равобит бо Доҳа нишон дод.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср аз панҷуми июни соли 2017 ба далели ҳамсӯ набудани Доҳа бо ҷараёни арабӣ ба раҳбарии Риёз, равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ ва илова бар таҳрими Доҳа, марзҳои заминӣ - дарёӣ ва ҳавоияшонро ба рӯйи Қатар бастанд.

 

Барчасп