Вайрон шудани бинои шабакаи телевизионии ал-Ақсо дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазза
(last modified 2018-11-13T07:52:00+00:00 )
Ноябр 13, 2018 12:52 Asia/Dushanbe
  • Вайрон шудани бинои шабакаи телевизионии ал-Ақсо дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазза

Бинои шабакаи телевизионии ал-Ақсо дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, вайрон шуд.

Шабака телевизионии ал-Маёдин гузориш дод, бинои шабакаи телевизионии ал-Ақсо вобаста ба ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" дар ҳамлаҳои ҳавоии душанбешаби режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ба таври комил вайрон шуд.

Алмаёдин аз таваққуфи пахши барномаҳои шабакаи телевизионии ал-Ақсо пас аз ҳадаф қарор гирифтан аз сӯи ҷангандаҳои режими саҳтюнистӣ хабар дод. Ин манбаъ ба шумори кушташудаҳо ё захмиҳои эҳтимолии ин ҳамла ишорае накард.

Режими саҳюнистӣ бинои ин шабакаро пас аз ин ки Ҳамос эълом кард, тасвирҳои марбут ба ҳамлаи мушакии неруҳои муқовимат ба автобуси низомиёни саҳюнистро пахш мекунад, ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод.

Бо ин ҳол мудири шабакаи телевизионии ал-Ақсо дар гуфтугӯ бо шабакаи ал-Минор таъкид кард, ки пахши барномаҳои шабакаи ал-Ақсо аз сар гирифта мешавад ва бомбаборони ҳавопаймоҳои ишғолгарон наметавонд фаъолияти моро мутаваққиф кунад.

Минтақаи муҳосирашудаи Ғазза дар рӯзҳои охир, дар конуни ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ қарор дорад.

 

Барчасп