Баргузории аввалин ҷаласаи муҳокимаи омилони қатли Хошуқҷӣ
Додситони Арабистон аз баргузории ҷаласаи додгоҳи 11 нафар аз муттаҳамони қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Оли Сауд хабар дод.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, Додситони Арабистони Саудӣ бо судури баёнияе эълом кард, муттаҳамон ба мушорикат дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ ҳамроҳи вакилонашон дар додгоҳ ҳозир шуданд.
Додситони Арабистон муҷозоти эъдомро барои панҷ нафар аз муттаҳамон ба мушорикат дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ хостор шудааст.
Бино бар эъломи Додситони Арабистон, то кунун ду нома ба Туркия ирсол шудааст, то далоил ва шавоҳиди мавҷуд дар бораи қатли Хошуқҷӣ ба Риёз эълом шавад, аммо Туркия то кунун посухе дар ин бора надодааст.
Арабистони Саудӣ то кунун 22 нафарро дар робита бо қатли Ҷамол Хошуқҷӣ боздошт кардааст.
Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Оли Сауд дуввуми октябри 2018 баъд аз муроҷиа ба консулгарии Арабистон дар Истамбул нопадид шуд.
Режими Саудӣ баъд аз 18 рӯз сукут ва такзиб билохира зери фишорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъйид кард, ки ӯ дар консулгарии ин кишвар дар Истамбул ба қатл расидааст.