Ҳамлаи дубораи Арабистон ба Қатар
Май 19, 2019 16:35 Asia/Dushanbe
Вазири мушовир дар умури хориҷии Арабистон бори дигар ба давлати Қатар ҳамла кард ва онро ҳомии терроризм ва ифротигароӣ донист.
Ба нақл аз хабаргузории саудӣ, Одил Алҷубайр дар конфронси матбуотӣ дар мақарри Вазорати хориҷаи Саудӣ бо ҳамла ба Қатар гуфт: Қатар яке аз кишварҳои Шӯрои ҳамкорӣ аст, аммо ба кишварҳои ин шӯро хадша ворид кард.
Вай афзуд: Ба Қатар иҷоза нахоҳем дод, ки аз ифротгароӣ ва терроризм ҳимоят ва дар умури дохилии мо дахолат кунад.
Алҷубайр гуфт: Қатар бояд дарк кунад, ки дигар наметавонад ба ҳамон сиёсате, ки аз 20 сол қабл дар пеш гирифтааст, идома диҳад.
Барчасп