Иморот бо хурӯҷ аз Яман Муҳаммад бин Салмонро дар ҷанг танҳо гузошт
(last modified 2019-07-14T13:10:15+00:00 )
Июл 14, 2019 18:10 Asia/Dushanbe
  • Иморот бо хурӯҷ аз Яман Муҳаммад бин Салмонро дар ҷанг танҳо гузошт

Шарқшиноси исроилӣ дар бораи хурӯҷи нерӯҳои иморотӣ аз ҷанги Яман овардааст: Ин бад-он мафҳум аст, ки Иморот аз ҷанги кунунӣ канор кашида ва нишондиҳандаи ин аст, ки ин ҷанг фақат ҷанги Бин Салмон аст.

Ба гузориши "Раъй-ул-Явм" Тезви Берилл шарқшиноси исроилӣ дар бораи хурӯҷи нерӯҳои иморотӣ аз ҷанги Яман овардааст: Ин ки Иморот аз хурӯҷи нерӯҳояш хабар дода, ба мафҳуми он аст, ки аз ҷанги кунунӣ канор кашида ва Арабистонро дар ин ҷанг танҳо гузоштааст.

Вай афзуд: Ин бад-он маънӣ аст, ки Бин Зоид аз идомаи ҷанге, ки тӯлонӣ шуда, ба сутуҳ омадааст. Бавижа, ки ин ҷанг суботи Иморотро таҳдид мекунад ва дигар амирнишинон ба вай барои хурӯҷ аз ҷанги Яман ба дунболи идомаи таниш миёни Арабистон ва Амрико бо Эрон ва ин, ки Иморот ба ҳадафе барои ҳамлаҳои низомии эронӣ табдил шавад, фишор меоваранд.

Барилл таъкид кард: Мавзӯъҳои сиёсӣ дар паси тасмими низомии Иморот барои хурӯҷ аз Яман аст, зеро иморотиҳо намехоҳанд, ки дар ҳамаи парвандаҳо ва мушкилоти саудиҳо дахил бошанд, бавижа, ки ихтилофот миёни Конгресс ва Трамп дар бораи фурӯши аслаҳа ба Арабистон вуҷуд дорад ва баҳсу ҷадали сиёсӣ дар Амрико дар бораи Арабистон вуҷуд дорад.