Август 18, 2019 09:39 Asia/Dushanbe
  • Қатар кабудранг мешавад

Қатар барои поин овардани дараҷаи ҳарорати асфалтҳои хиёбонҳояш онҳоро ранг мекунад.

Ба нақл аз Спутник, Дафтари умури умумии Қатар бо ҳамкории як ширкати жопонӣ тарҳе озмоиширо барои хунак кардани хиёбонҳои марказии Дуҳа оғоз карда ва ин хиёбонҳоро бо ранги кабуд рангомезӣ мекунад.

Муҳандисони ин тарҳ муътақиданд дамои асфалти тира 20 дараҷа болотар аз дамои воқеъӣ аст, зеро ранги сиёҳ гарморо ҷазб мекунад ва ранг кардани асфалтҳо дамои онҳро 15 то 20 дараҷа коҳиш медиҳад.

Дамои ҳавои тобистонҳо дар Қатар ба 50 дараҷаи сантиград ҳам мерасад.

 

Барчасп