Вуруди нерӯҳои зиреҳии артиши Туркия ба хоки Сурия аз гузаргоҳи марзии Килис
(last modified 2019-10-08T07:13:56+00:00 )
Октябр 08, 2019 12:13 Asia/Dushanbe
  • Вуруди нерӯҳои зиреҳии артиши Туркия ба хоки Сурия аз гузаргоҳи марзии Килис

Манобеи маҳаллӣ аз вуруди танкаҳо ва худравҳои зиреҳии Туркия ба хоки Сурия аз гузаргоҳи марзии Килис хабар медиҳанд.

Нерӯҳои зиреҳии артиши Туркия бо убур аз гузаргоҳи марзии Килис ба минтақаи Ҷераблус ворид шудаа ва даар ҳоли ҳааракат баа самти Рифи шимолии Манбиҷ ҳастанд.

Ба нақл аз Форс, шабакаи Ал-ҲАДАС низ бо ишора ба ин таҳавулот гузориш дод, ки ба рағми эъломи расмӣ, амалиёти заминии артиши Туркия дар Сурия оғоз шудааст.

Манобеи мухталифе аз ҷумла рӯзномаи Йенӣ шафақ низ бо интишори клипҳои видеоӣ аз вуруди худравҳои артиши Туркия ба хоки Сурия ин ахборро таид карданд.

Ин дар ҳолест, ки соатҳои поёнии шомгоҳи душанбе гузоришҳое таиднашудае аз ҳамлаи ҷангандаҳои Туркия ба минтақае дар марзи Ироқ ва Сурия хабар доданд.