Террори яке аз фармондеҳони баландпояи Ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳамсараш дар Ғазза
(last modified 2019-11-12T05:39:51+00:00 )
Ноябр 12, 2019 10:39 Asia/Dushanbe
  • Террори яке аз фармондеҳони баландпояи Ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳамсараш дар Ғазза

Дар ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба манзили Баҳоъ Абулато яке аз фармондеҳони шохаи низомии Ҷиҳоди исломии Фаластин вай ба ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳодат расид ва ҳоли ду фарзанди ӯ вахим аст.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз манзили Баҳоъ Абулато аз фармондеҳони баландпояи Сароё Алқудс (Гуруҳонҳои Қудс) шохаи низомии Ҷиҳоди исломии Фаластин дар минтақаи Ашуҷоияи Ғаззаро ҳадаф гирифтанд.

Ба нақл аз Форс, дар ин ҳамла Абулато ва ҳамсараш ба шаҳодат расиданд ва ду фарзанд ба шиддат захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

Муқовимати Фаластин дар посух ба ин иқдом теъдоде ракет ба самти Фаластини ишғолӣ партоб кард.

Шохаи низомии Ҷиҳоди исломии Фаластин пас аз террор, дар миёни нерӯҳояш ҳолати омода боши комил эълом ва тасреҳ кард, посух ба ин ҷиноят ҳадду марз нахоҳад дошт.

 

Барчасп