Ақибнишинии тадриҷии ниманизомиёни судонӣ аз соҳили ғарбии Яман
(last modified Tue, 17 Dec 2019 10:30:57 GMT )
Декабр 17, 2019 15:30 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии тадриҷии ниманизомиёни судонӣ аз соҳили ғарбии Яман

Як манбаи яманӣ эълом кард дар чаҳор рӯзи гузашта 1500 ниманизомии судонӣ соҳили ғарбии Яманро тарк карданд.

Бахше аз ниманизомиёни мазкур ҳамчунон дар пойгоҳи эътилофи саудӣ дар бандари Алмахоъ ва шаҳри Забоб дар наздикии бандари гулӯгоҳи Бобул Мандаб воқеъ дар ҷануби ғарби Таъаз ҳузур доранд; чаҳор типи низомии ин минтақаро тарк кардаанд ва ду тип боқӣ мондааст.

Ба нақл аз Форс, дар чаҳор рӯзи гузашта 1500 ниманизомии судонӣ аз соҳили ғарб хориҷ шудаанд ва Судон то кунун 7500 низомӣ аз 12000 худ дар соҳили ғарбиро берун бурдааст; нерӯҳои судонӣ, ки ақибнишинӣ кардаанд мавзеъҳои худро ба нерӯҳои Ториқ Солиҳ мавриди ҳимояти Иморот дар ин минтақа таҳвил додаанд.

Абдуллоҳ Ҳамдук нахуст вазири Судон чанд рӯзи пеш эълом кард, кишвараш теъдоде нерӯҳои мушорикаткунанда дар эътилофи саудониро аз 15 ҳазор нафар ба панҷ ҳазор нафар тақлил додааст.

Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ноябри гузашта эълом кард, дар ҷанги Яман беш аз ҳашт ҳазор судонӣ кушта, захмӣ ё мафқуд шудаанд. Вай сипас дар бораи идомаи мушорикати нерӯҳои судонӣ дар ин ҷанг ҳушдор дод.

Бар асоси эъломи рӯзномаи амрикоии Нию-ЙоркТаймз 40 дарсад аз сарбозони судонӣ кудак ҳастанд, ки дар минтақаҳои марзӣ бо Арабистон омӯзиш мебинанд. Ин кудаксарбозҳо байни 14 то 17 сол син доранд ва аз чаҳор сол пеш дар қолаби 14 ҳазор нерӯи судонӣ дар амалиёти низомии эътилофи саудӣ алайҳи Яман ҳузур доранд, ки садҳо нафари онҳо ҳам то кунун кушта шуданд.