Мухолифати Ташкилоти худгардон бо нақшаи Фаластин бар асоси "Муомилаи қарн"
(last modified Sun, 09 Feb 2020 16:41:25 GMT )
Феврал 09, 2020 21:41 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Ташкилоти худгардон бо нақшаи Фаластин бар асоси

Ташкилоти худгардон бо нақшаи ҷадиди Фаластин бар асоси тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии "Муомилаи қарн" мухолифат кард.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе аз оғози раванди таъини марзҳои манотиқи илҳоқии каронаи бохтарии рӯди Урдун ва таҳияи нақшаҳое бар асоси тарҳи иддаоии "Муомилаи қарн" хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии "Вафо", Набил Абурудайна, сухангӯи расмии Ташкилоти худгардон рӯзи якшанбе дар вокуниш ба изҳорти Нетаняҳу дар бораи таъини марзҳои ҷадид гуфт:

Танҳо нақшае, ки Фаластин ба расмият мешиносад, нақшаи давлати Фаластин дар марзҳои 4/6/1967 бо марказияти Қудс аст.

Абурудайна бо таъкид бар ин, ки ҳамаи ҷаҳон бар асоси қатъномаҳои Созмони Милал нақшаи Фаластинро ба расмият шинохтаанд, афзуд:

Ин танҳо нақшае аст, ки метавонад амният, сулҳу суботро дар ҷаҳон ва минтақа муҳаққақ кунад ва ҳар нақшаи дигаре ба маънои идомаи ишғолгарӣ аст.