Март 17, 2020 19:42 Asia/Dushanbe
  • Поёни 9 соли ҷанг дар Сурия 

 Ҷанги низоми Сурия бо террористҳое чандмиллиятӣ аз рӯзи 16 марти 2020 вориди даҳумин соли худ шуд. 

Эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Сурия аз 15 марти 2011 ва ба пайравӣ аз таҳаввулоти дигар кишварҳои арабӣ оғоз шуд. Муҳимтарин тафовути таҳаввулоти Сурия бо дигар кишварҳои арабӣ дар ин буд, ки эътирозҳо дар Сурия бо мудохилаи меҳвари ғарбӣ-арабӣ-ибрӣ - туркӣ ба ҷанги низоми ин кишвар бо гурӯҳҳои террористӣ табдил шуд. Ин рухдод сабаб шуд, ки таҳаввулоти Сурия аз моҳияти эътирози дохилӣ хориҷ ва ба самти хушунат бо гурӯҳҳое ҳаракат кард, ки аъзои он атбои беш аз 80 кишвари ҷаҳон буданд. Дар натиҷа бар хилофи дигар кишварҳои арабӣ, дар таҳаввулоти Сурия, низоми ин кишвар бо мардуми Сурия мувоҷеҳ нашуд, балки бо афроде мувоҷеҳ шуд, ки дар муқобили гирифтани пул аз кишварҳои дигар, алайҳи низоми Сурия вориди ҷанг шуданд. 

Дидабони ҳуқуқи башари Сурия бо интишори охирин омори қурбониёни ҷанги дохилии Сурия эълом кард, ки дастикам 384 ҳазор нафар дар 9 соли гузашта дар ин кишвар кушта шуданд. Садҳо ҳазор нафар захмӣ ва ҳудуди 12 миллион нафар низ овора шуданд. Агарчӣ ҳадафи ин ҷанги террористӣ, барандозии низоми Сурия ва ҳатто таҷзияи ҷуғрофияи ин кишвар буд, аммо дар амал ин аҳдоф муҳаққақ нашуд ва мардуми Сурия бузургтарин қурбониёни ин ҷанге буданд, ки муддаиёни демокрасӣ ва ҳуқуқи башар низ аз он ҳимояти ҳамаҷониба карданд. Гир Петерсон, намояндаи вижаи Слзмони милали муттаҳид дар умури Сурия дар ин хусус гуфт: «ранҷу азоберо, ки мардуми Сурия дар ин даҳаи ғамангез ва ваҳшатнок мутаҳаммил шудаанд, фавқи идрок ва бовар аст.» 

Сандуқи кӯдакони милали муттаҳид (юнисеф) низ ахиран дар гузорише ба муносибати поёни нуҳумин соли ҷанги дохилии Сурия эълом кард, ки «натиҷаи ҷанг дар Сурия ин шудааст, ки дар ҳар 10 соат, як кӯдаки сурӣ ҷони худро аз даст медиҳад.» 

Бар асоси оморҳои мунташиршудаи Юнисеф дар рӯзи 9 март, аз соли 2014 то поёни соли 2019 , теъдоди кӯдакони кушташуда дар натиҷаи ҷанг дар ин кишвар ба адади 5427 нафар расидааст. Коршиносон ҳамчунин баровард карданд, ки беш аз 5 миллион кӯдаки ниёзманди кумак дар дохили Сурия вуҷуд доранд ва ҳудуди дувуним миллион кӯдак ҳам ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд. Илова бар ин, ҳудуд 80 дарсад аз ҷамъияте, ки дар Сурия боқӣ монданд зери хатти фақр қарор доранд. 

 Нуҳумин соли ҷанг дар ҳоле поён ёфт, ки артиши Сурия дасти бартарро дар таҳаввулоти майдонӣ дорад ва дар охирин марҳалаи амалиёти мубориза бо терроризм, дар ҳоли поксозии устони Идлиб аз ишғоли гурӯҳҳои террористӣ аст. Устони Идлиб, ки аз соли 2015 таҳти контроли аносири ҳайати таҳрири Ашшом (Ҷабҳаи Аннусраи собиқ) қарор дорад, охирин пойгоҳи мухолифони давлати Башшор Асад ба шумор меравад. 

Артиши Сурия дар 7 километрии Идлиб, маркази устони Идлиб қарор дошт, ки Туркия ба мавозеи он ҳамла кард то монеи такмили пирӯзиҳои артиши Сурия шавад. Меҳвари ғарбӣ ба раҳбарии Амрико низ бо пазириши шикаст дар барандозии Башшор Асад аз қудрат, коршиканӣ дар фароянди сиёсӣ ва ҳамчунин эҷоди тафриқаи дохилӣ, ба хусус миёни курдҳо ва низоми Сурияро пайгирӣ мекунад. Меҳвари арабӣ низ амалан бо пазириши шикаст дар дастёбӣ ба аҳдофи худ дар Сурия, дар талоши бозгардондани Димишқ ба иттиҳоди Араб қарор дорад. 

Ба назар мерасад даҳумин соли ҷанг дар Сурия метавонад бо поёни ин ҷанг ва тадовуми коршикании Ғарб ба раҳбарии Амрико дар фароянди сиёсӣ ҳамроҳ бошад.