Таъини замони ҷаласаи раъйи эътимод ба кабинаи Ал-Козимӣ аз сӯи парлумони Ироқ
(last modified 2020-04-11T15:57:12+00:00 )
Апрел 11, 2020 20:57 Asia/Dushanbe
  • Таъини замони ҷаласаи раъйи эътимод ба кабинаи Ал-Козимӣ аз сӯи парлумони Ироқ

Парлумони Ироқ замони ҷаласаи раъйи эътимод ба кабинаи Ал-Козимиро таъин кард.

Ба нақл аз ИСНО, 48 соат пас аз ироаи барномаи кабинаи Ал-Козимӣ ва корномаи амалии вазирони он ба фраксияҳои сиёсӣ ва намояндагони парлумон, раёсати парлумон таърихи баргузории ҷаласаи раъйи эътимодро эълом хоҳад кард ва намояндагон бар асоси мизони эътимоди худ ба нахуствазир мукаллаф ва вазирони пешниҳодиаш ба ӯ раъй хоҳанд дод. Хадиҷа Алӣ дар идома назари худро дар бораи Ал-Козимӣ ва кабинааш ингуна баён кард: Мо аз Ал-Козимӣ ҳимоят хоҳем кард ва аз ӯ дар барқарории оромиш, ислоҳи равияҳои иқтисодӣ дар кишвар, барқарории иттиҳод, ҳимоят аз ҳамзистии мусолиматомез ва ҳифз ва таҳаққуқи ҳуқуқи гурӯҳҳои мухталиф пуштибонӣ хоҳем кард.

Барҳам Солеҳ, раиси ҷумҳури Ироқ рӯзи панҷшанба пас аз канорагирии Аднон Ал-Зарафӣ аз маъмурияти ташкили кабинаи ҷадид, Ал-Козимӣ, раиси дастгоҳи иттилооти ин кишварро барои ин кор маъмур кард.

 Ал-Козимӣ аз нуҳуми апрел ба муддати 30 рӯз муҳлат дорад кабинаи ҷадидеро, ки пеш аз ӯ Муҳаммад Аловӣ ва Аднон Ал-Зарафӣ муваффақ ба ташкили он нашуда буданд, ташкил диҳад.

Ӯ дар аввалин изҳори назар пас аз интисоб дар ин симат тааҳҳуд  дод, ки барои ташкили кабинае ҳамсӯ бо хостаҳои мардуми Ироқ ва дар раъси онҳо ҳифозат аз ҳокимияти миллӣ, ҳимоят аз ҳуқуқҳо, ҳалли буҳронҳо ва рушди иқтисодии Ироқ талош кунад.