Дархости Фридмен аз режими саҳюнистӣ барои суръат бахшидан дар иҷрои парвандаи илҳоқи каронаи Бохтарӣ
(last modified 2020-05-06T16:03:51+00:00 )
Май 06, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Дархости Фридмен аз режими саҳюнистӣ барои суръат бахшидан дар иҷрои парвандаи илҳоқи каронаи Бохтарӣ

Сафири Амрико дар Исроил, давлати режими саҳюнистиро ба суръат бахшидан дар иҷрои илҳоқи манотиқи каронаи Бохтарӣ фарохонд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, Девид Фридмен, сафири Амрико дар заминҳои ишғолӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи Исроил-ал-Явм гуфт: Замоне, ки раванди тарсими нақшаҳо ба поён бирасад ва замоне, ки давлати Исроил бо қатъи сохту соз дар манотиқи "С" ва музокира бо фаластиниҳо бо истинод ба тарҳи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мувофиқат кунад мо ҳокимияти Исроил бар манотиқи каронаи Бохтарӣ ва рӯди Урдунро ба расмият хоҳем шинохт.

Дар тавофуқи эътилофӣ миёни Ҳизби Ликуд ва Ҳизби обӣ – сафед омадааст, ки тадбирҳои марбут ба илҳоқи ин манотиқ аввалҳои июл оғоз хоҳад шуд.

Фридмен гуфт: Муҳиммтарин масъала ин аст, ки давлати Исроил ҳокимияти худро бар ин манотиқ эълом кунад. Дар он сурат мо ҳам омодаи ба расмият шинохтан ҳастем. Ҳамонтавр, ки Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт ин як тасмими исроилӣ аст барои ҳамин аввал бояд Исроил тасмим бигирад.

Фаридмен гуфт: Амрико ҳеҷ шартҳое барои ба расмият шинохтани ҳокимияти Исроил бар ин манотиқ надорад. Мо аз Исроил намехоҳем тааҳҳуд бидиҳад кишвари Фаластинро ба расмият бишиносад балки шарти ин мавзӯъ ин аст, ки нахуствазир музокира бо фаластиниҳоро бипазирад ва онҳоро ба дидор ва гуфтугӯ барои муддати чаҳор сол даъват кунад.

Фаридмен гуфт: Фаластиниҳо то кунун дӯст надоштанд сари мизи музокира бинишинанд. Агар назарашонро баъд аз ду сол тағйир доданд нахуствазир бояд ба баргузории музокирот пойбанд бошад. Ин давраи мушаххасе аст ва мо мехоҳем ин имкон барои чаҳор сол вуҷуд дошта бошад.

Сафири Амрико гуфт: Сохту сози шаҳракҳо мутаваққиф намешавад балки теъдоди шаҳракнишинон дар онҷо афзоиш меёбад. Бештари шаҳракнишинон яъне ҳудуди 400 ҳазор нафар ба муҷиби қавонини сохту соз дар дохили хатти сабз ҳамчунон ба зиндагии худ идома хоҳанд дод. Байни 10 ҳазор то 15 ҳазор тан аз сокинон таҳти ҳокимияти Исроил хоҳанд буд.