Намояндаи Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин: Қудс ва Қарабоғ ҳар ду бояд озод шавад
(last modified 2020-05-17T05:32:24+00:00 )
Май 17, 2020 10:32 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин: Қудс ва Қарабоғ ҳар ду бояд озод шавад

Намояндаи Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар Эрон аз ибтикори рӯҳониён ва фаолони динии ҷумҳурии Озарбойҷон дар баргузории ҳафтаи Қудс қадрдонӣ ва бар ҳимояти Фаластин аз озодии Қарабоғ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носир Абушариф дар гуфтугӯ бо канали Ал-Раъд гуфт: Мо мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷонро мардуме муқовиматгаро ва мусулмон мешиносем. Ба миллати Ҷумҳурии Озарбойҷон мегӯем агар шумо аз муборизоти мо ҳимоят кунед, Фаластин ва Қудс низ аз шумо ҳимоят хоҳад кард.

Намояндаи Ҷиҳоди исломӣ дар Эрон таъкид кард: Ҳамонтавр, ки Қудс ва Фаластин ба дасти ғайримусулмонон ишғол шудааст, Қарабоғ низ ба дасти ғайримусулмонон ва бо ҳимояти қудратҳои ғайримусулмон ишғол шудааст.

Вай бо баёни ин ки дар ҷанги Қарабоғ, Фаластин ҳамвора аз миллати Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳимоят мекард афзуд: Қудс ва Қарабоғ ҳар ду сарзаминҳои исломӣ ҳастанд, ки бояд озод шаванд.

Абушариф таъкид кард: Тамомии уммати мусулмон Қудсро маркази муборизаи сиёсии худ медонад ва муқовимат ва муборизаро пеш мебарад ва миллати Ҷумҳурии Озарбойҷон низ нақши муҳимме дар ин замина дорад.

Намояндаи Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар Эрон афзуд: Ҳамонтавр, ки ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ҳар куҷо мерафт ҳадафи ниҳоияш озодии Қудс буд, мо ҳам бояд ҳадафи ниҳоиямон озодии Қудс бошад то ба аҳдофи дигар низ даст ёбем.

Абушариф гуфт: Имом Хумайнӣ (ра) рӯзи Қудсро ба унвони як рамз барои мубориза дар роҳи озодии Қудс эълом кард то уммати ислом ба ваҳдат ва бедорӣ бирасад.

Вай афзуд: Талош барои озодии Қудс бар тамомии мусулмонон воҷиб аст зеро ҳамонтавр, ки Макка фақат ба саудиҳо ва арабҳо марбут нест, Қудс низ фақат ба фаластиниҳо марбут нест.

Абушариф гуфт: Ҳамонтавр, ки яҳудиҳо ва саҳюнистҳо ба Исроил кумак мекунанд, ки Қудсро яҳудӣ кунад, бар мусулмонон низ воҷиб аст, ки Қудсро озод кунанд.

 

Барчасп