Муомилаи қарн , асоси тасмими режими Саҳюнистӣ барои ишғоли бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ
(last modified 2020-05-21T04:34:15+00:00 )
Май 21, 2020 09:34 Asia/Dushanbe
  • Муомилаи қарн , асоси тасмими режими Саҳюнистӣ барои ишғоли бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ

Нахуствазири Ташкилоти худгардони Фаластин тарҳи нангини Амрико мавсум ба Муомилаи қарнро асоси тасмими режими Саҳюнистӣ барои ишғоли бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Mohammad Shtayyeh нахуствазири Ташкилоти худгардони Фаластин рӯзи чоршанбе дар суханоне гуфт ; Муомилаи қарн буд ,ки чароғи сабз ба давлати Исроил дод ва иштиҳои он барои илҳоқро эҷод кард.

Муҳаммад Шеҳтеяҳ афзуд ; тасмими режими Саҳюнистӣ барои ишғол, бозтоби барномаи кабинаи Иттилофи Исроил барои нобудии давлати мустақили фаластинӣ аст.

Режими Саҳюнистӣ қасд дорад дар моҳи июни оянда,, беш аз 30 % аз масоҳати Каронаи Бохтариро ба арозии ишғолии худ, мулҳақ кунад ; иқдоми таҷовузгаронае,ки мавриди интиқоди шумори зиёде аз кишварҳо қарор гирифтааст.

Дар ҳамин росто Маҳмуд Аббос бомдоди чоршанбе пас аз талоши режими Саҳюнистӣ барои пайвастани бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ эълон кард ; Созмони озодибахши Фаластин ( Соф ) ва Ташкилоти худгардон , дигар бар ҳеҷ кадом аз тавофуқоти худ бо Тел Овев ва Вашингтон пойбанд нахоҳанд буд.

Барчасп