Гузоришгари Созмони Миллал: Парвандаҳои бештаре дар бораи тимҳои куштори режими саудӣ дар роҳ аст
(last modified 2020-08-11T09:52:28+00:00 )
Август 11, 2020 14:52 Asia/Dushanbe
  • Гузоришгари Созмони Миллал: Парвандаҳои бештаре дар бораи тимҳои куштори режими саудӣ дар роҳ аст

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид, дар мавриди парвандаи нав алайҳи валиаҳди саудӣ дар хусуси талош барои террори яке аз мақомоти собиқи иттилоотии Арабистон дар Канада эълом кард иттиҳомоти бештар дар иртибот бо ҷухаҳои қатли саудӣ дар роҳ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Вашингтон Пост, Агнес Каламард- гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид, дар саҳифаи Твиттери худ навишт: Иттиҳомоти нав агар собит шавад, ин натоиҷро тақвият мекунад, ки Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди режими саудӣ ба ҷухаҳои марг фармон медиҳад ва ҳамчунон аз қабули масъулият барои қатл тафра меравад.

Ин гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар твитте дигар бо ишора ба тиме, ки режими саудӣ барои қатли «Ҷамол Хошуқчӣ» рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ ба Истамбули Туркия дар соли 2018 эъзом кард навишт: Иттиҳомоти бештаре дар хусуси тимҳои расмии куштори саудӣ, ки ба нуқоти дигари дунё эъзом мешаванд, матраҳ хоҳад шуд.

Додгоҳи Вашингтон, рӯзи душанбе дар ҳукме хостори ҳузури Бин Салмон ва 13 шахсияти саудӣ дар ин додгоҳ барои посух ба саволоте дар хусуси талош барои террори Саъд Алҷабро шуд.

Алҷабро панҷшанбе 6 августи 2020 бо ҳузур дар як додгоҳи амрикоӣ дар шаҳри Вашингтон аз Бин Салмон ба далели талош барои террори ӯ шикоят кард.

Дар додхости Алҷабро омада буд, ки валиаҳди саудӣ дар соли 2018, тими террореро барои куштани вай ва қитъа қитъа карданаш ҳамонанди қатли Хошуқчӣ ба Канада эъзом кардааст.

Гуфта мешавад Алҷабро асноде дар ихтиёр дорад, ки Бин Салмон ба думболи онҳост.

 

Барчасп