Ноябр 26, 2020 11:17 Asia/Dushanbe

Исрори подшоҳи солхӯрдаи Арабистони Саудӣ ба ҳузур дар нишасти Гурӯҳи 20 дар Риёз ва пахши гуфтугӯи ӯ бо писараш бисёр ба зарари Малик Салмон тамом шуд.

Дар видеои мунташир шуда, Малик Салмон, ки гӯё дучори аз даст додани ҳофиза шудааст аз Муҳаммад бин Салмон, валиаҳд мепурсад: «порсол нишасти Гурӯҳи 20 куҷо буд?»

Бин Салмон: Ҷопон

Малик Салмон: ман рафтам Ҷопон?!

Бин Салмон: на ман ба намояндагӣ аз шумо рафтам. Чанд дақиқаи дигар пахши зиндааст ва садои шуморо мешунаванд!

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп