Амрико ҳамчунон нафту гандуми Сурияро медуздад
Низомиёни террористи амрикоӣ як корвони ҳомили нафту гандуми Сурияро аз хоки ин кишвар хориҷ карданд.
Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия, манобеи маҳаллӣ дар шарқи вилояти Ҳасака эълом карданд: Ҳудуди 70 мошини боркаш, як танкер ва як камази яхдондори мутааллиқ ба низомиёни ишғолгари амрикоӣ ҳамроҳ бо теъдоде василаи нақлиёти низомии мутааллиқ ба нерӯҳои демократи Сурия миқдори зиёде нафту гандуми дуздидашудаи ин кишварро барои фурӯш ба хоки Ироқ расонданд то аз ин тариқ Амрико аз террористҳои таҳти ҳимояти худ, ки нақшаҳои онро дар Сурия пиёда мекунад, ҳимоят кунад.
Рӯзи шанбе низ нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ корвоне аз 16 мошини боркашро, ки бо силоҳу лавозими тадорукотӣ боргирӣ шуда буд, ба пойгоҳи низомии худ дар шимоли шарқи ДайрузЗӯр расониданд.
Низомиёни амрикоӣ бо нерӯҳои демократии курди вобаста ба онҳо муддатест, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар шимол ва шимоли шарқи Сурия ҳузур доранд ва илова бар ғорати манобеи нафтии ин кишвар, бештар анборҳои гандум дар ин манотиқро дар ихтиёри худ гирифтаанд.
Бештар бихонед:
- Шеваи ҷадиди Амрико барои дуздии нафти Сурия
- Вокуниши Димишқ ба ғорати нафти Сурия тавассути Амрико ва нерӯҳои вобаста ба он
- Таъқибу гурези нерӯҳои Русия ва Амрико дар Сурия + Филм