Манбаъҳои Арабистони Саудӣ: Кохи подшоҳии саудӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад
(last modified Sun, 21 Feb 2021 13:14:21 GMT )
Феврал 21, 2021 18:14 Asia/Dushanbe
  • Кохи подшоҳии саудӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад
    Кохи подшоҳии саудӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад

Манбаъҳои арабистонӣ эълом карданд, девони подшоҳӣ ва мақомоти режими саудӣ дар ҳолати шабеҳи омодабош барои муқобила

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, манобеи огоҳ дар дохили Кохи подшоҳии саъудӣ изҳор доштанд, ки «Малик Салмон » подшоҳи Арабистон ба шиддати нигарони навъи бархурди давлати ҷадиди Амрико бо « Муҳаммад Бин Салмон » аст ва аз мушовирону мақомоти худ хоста то роҳе барои коҳиши хашми Кохи Сафед биёбанд. 

Бинобар эъломи ин манобеъ,  Малик Салмон ҳамчунин дар номаи маҳрамона ба «Ҷо Байден» раисҷумҳури ҷадиди Амрико хостааст то гузориши маҳрамонаи иттилоотӣ дар хусуси қатли «Ҷамол Хошуқчӣ » рӯзноманигори саъудиро мунташир накунад. 

Рӯзи ҷумъа як манбаи огоҳ дар Амрико эълом кард,  давлати ин кишвар қасд дорад гузоришеро дар бораи «Ҷамол Хошуқчӣ »,  ки ба дастури Бани Салмон ба қатл расидро дар ҳафтаи аввали моҳи отии милодӣ мунташир кунад. 

Рӯзномаи русии  «Независимая газета» низ дар мақолае навишт, ба назар мерасад иқдомоти давлати Байден як муҳосираи сиёсӣ барои «Муҳаммади бани Салмон » бошад ва Вашингтон тарҷеҳ медиҳад ба ҷои валиаҳд, бо подшоҳи саъудӣ гуфтугӯ кунад.  

Ин дар ҳолест, ки «Доналд Трамп» раиси ҷумҳурии пешини Амрико равобити вижае бо «Бани Салмон » дошт ва аввалин сафари хориҷии худро дар соли 2017 ба Арабистон ихтисос дод. 

 

Бештар бихонед: