Тиҷорати нави Натанёҳу: Ваксинаи корона дар ивази интиқоли сафоратхонаҳо ба Қудси ишғолӣ
(last modified 2021-02-24T12:43:39+00:00 )
Феврал 24, 2021 17:43 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати нави Натанёҳу сари Қудси ишғолӣ бо ваксинаи корона
    Тиҷорати нави Натанёҳу сари Қудси ишғолӣ бо ваксинаи корона

Нахуствазири режими саҳюнистӣ аз ваксинаи корона ба унвони ришвае барои интиқоли сафоратхонаҳои кишварҳо ба Қудс истифода мекунад.

Бени Гантс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ бо интиқод аз сӯиистифодаи абзории нахуствазири ин режим аз ваксинҳои корона гуфт: «Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил бо ирсоли ваксинаҳои корона ба бархе кишварҳо дар ивази интиқоли сафоратхонаҳояшон ба Қудс, барои худ тиҷорати интихоботӣ барпо кардааст».

Вазири ҷанги Исроил гуфт: Ин ҳақиқат, ки Натанёҳу бо ваксинаҳое ки исроилиҳо пулашро бо молиёт пардохтаанд тиҷорат мекунад, нишон медиҳад, ки ӯ эҳсоси ҳукумат дар як подшоҳиро дорад.

Гантс дар идома афзуд: Фақат ниёзҳои изтирории дармонӣ, сиёсӣ ё амниятӣ аст, ки метавонад чунин иқдоми ҳамоҳангнашудаеро тавҷеҳ кунад ва Натанёҳу бояд дар бораи он ба афкори умумӣ тавзеҳ дода бошад ё ҳаддиақал дар маҳофили муртабит тасвиб шуда бошад.

Интиқодҳо аз талошҳои таблиғотии Натанёҳу дар камтар аз як моҳ монда ба баргузории интихобот дар Фаластини ишғолӣ дар ҳоле идома дорад, ки рӯзи гузашта низ Гидеон Саар, раиси ҳизби Умеди ҷадид ва ҳамҳизбии пешини Натанёҳу гуфта буд, ӯ бешармиро ба ҳадди аъло расонидааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп