Апрел 11, 2021 15:30 Asia/Dushanbe
  • Абдулсалом : Дар муқобили идомаи таҷовузу муҳосира  мардуми Яман ба ёрии Худо ба муқобила идома медиҳанд
    Абдулсалом : Дар муқобили идомаи таҷовузу муҳосира мардуми Яман ба ёрии Худо ба муқобила идома медиҳанд

Муҳаммад Абдулсалом-сухангӯи ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман шанбешаб дар тветте навишт : Дар остонаи моҳи мубораки Рамазон нерӯҳои мутаҷовиз ба муҳосираи худ алайҳи Яман барои ҳафтумин сол идома медиҳанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Абдулсалом навишт : Дар остонаи моҳи мубораки Рамазон нерӯҳои мутаҷовиз, ки аз арзишҳои инсонӣ тиҳӣ шудаанд ,ба муҳосираи худ алайҳи миллати мо барои ҳафтумин сол идома медиҳанд .

  Вай дар идома навиштааст : Дар муқобили тадовуми таҷовузу муҳосира мардуми Яман ба ёрии Худо ба муқобила идома медиҳанд ва аз ҳақи зиндагӣ дар озодӣ, иззат ва ҳокимият дифо мекунанд .

  Арабистони саъудӣ аз марти 2015 дар қолаби эътилофе аз чанд кишвари арабӣ ва бо кумаку чароғи сабзи Амрико ҳамалоти густардаеро алайҳи Яман - фақиртарин кишвари арабӣ - оғоз кард, то ба баҳонаи бозгардондани Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳӯрии мустаъфӣ ва фирории ин кишвар ба қудрат, ба аҳдофу зиёдахоҳиҳои сиёсии худ ҷома амал бипушонанд .

    Ниҳодҳои вобаста ба Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷумла Беҳдошти ҷаҳонӣ ва Юнисеф борҳо ҳушдор додаанд, ки бар асари идомаи ҳамалоти мутаҷовизон ба Яман мардуми ин кишвар бо қаҳтӣ ва бурӯзи як фоҷеъаи инсонӣ ки дар қарни гузашта бе собиқа аст, рӯбарӯ ҳастанд .

    

  Бештар бихонед :

 

 

Барчасп