Май 11, 2021 14:06 Asia/Dushanbe

Ҷамъе аз донишҷӯёни эронӣ ва хориҷии донишгоҳҳои Теҳрон дар вокуниш ба ҷиноётҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза дар муқобили дафтари Созмони милал дар теҳрон таҷаммӯъ карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин таҷаммӯъи донишҷӯён бо сар додани шиорҳое алайҳи Амрико ва режими Исроил  хашму инзиҷори худро аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин сукути маҷомеи байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони милал эълом карданд. 

Донишҷӯён ҳамчунин бо эҳтизози парчами 20 метрии Фаластин  ҳамбастагии худро бо миллати мазлуми ин кишвар эълом карданд. 

Донишҷӯёни Донишгоҳи Теҳрон алайҳи исроил тазоҳурот карданд

Мардуми Анкара  пойтахти Туркия низ дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Масҷид-ул-Ақсо ва ҳимоят аз Қудси шариф роҳпаймоӣ карданд. 

Масҷид-ул-Ақсо ва манотиқи перомуни он дар Байтулмуқаддас дар рӯзҳои ахир шоҳиди ҳамалоти шадиди низомиёни саҳюнист буд, ки дар натиҷаи муқовимати фаластиниён, чандсад тан аз аҳолии Қудси ишғолӣ маҷрӯҳ шуданд. 

Ин ҷиноятҳо мунҷар ба шӯълавар шудани оташи даргирӣ байни фаластиниёни Борикаи Ғазза ва режим саҳюнистӣ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп