Май 11, 2021 21:04 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир 10 кӯдаки фаластиниро шаҳид кардааст
    Режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир 10 кӯдаки фаластиниро шаҳид кардааст

Дар ҳамлаи дубораи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, як кӯдаки фаластинии дигар ба шаҳодат расид.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии Шаҳоб, дар ҳамлаи асри сешанбеи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба як хонаи истиқоматӣ дар шарқи Ғазза, як шаҳрванд ва як кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва 4 тани дигар захмӣ шуданд.

Бо ҷон бохтани ин кӯдак теъдоди кӯдакони фаластинии шаҳид шуда дар рӯзҳои ахир ба 10 нафар афзоиш ёфт.

Шабакаи хабарии Алҷазира низ аз ҳаракати танкҳо ва тӯпхонаҳои сангини режими саҳюнистӣ ба сӯи марзи Навори Ғазза хабар дод. Аз сӯи дигар, муқовимати Фаластин шаҳрҳои Асқалон, Ушдуд ва шаҳракҳои саҳюнистнишини атрофи Навори Ғаззаро зери мӯшакборони худ қарор додааст.

Расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, дар камтар аз нимсоат ҳудӯди 70 мӯшак аз Ғазза ба самти шаҳракҳои исроилӣ шиллик шуд, ки бар асари ин ҳамалоти ду низомии саҳюнист ба ҳалокат расиданд ва 80 тани дигар захмӣ шуданд.

Партоби мӯшак аз Ғазза ба манотиқи саҳюнистнишин пас аз он оғоз шуд, ки режими Исроил дар рӯзҳои ахир ҳамла ба мусулмононро барои иҷрои тарҳи яҳӯдисозии Қудс ва тақсими замонӣ ва маконии Масҷид ул Ақсо шиддат дод.

Дар ҳамалоти дирӯз ва имрӯзи саҳюнистҳо ба навори Ғазза,  27 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп