Муқовимати Фаластин шаҳраки саҳюнистнишинро мушакборон кард
Муқовимати Фаластин дар Борикаи Ғазза бомдоди якшанбе дар посух ба ҳамлаҳо ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, "Тел-Авив" ва шаҳраки саҳнистнишини "Ашдод"-ро мушакборон кард.
Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон пресс, " Абуубайда" сухангӯи гардонҳои шаҳид "Изуддин ал-Қосим", шохаи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос " эълом кард, Муқовимати Фаластин, Тел-Авив ва Ашдодро бо даҳҳо фарванди мушак ҳадаф қарор додааст.
Пас аз ин ҳамлаи мушакӣ, ожирҳои хатар дар Тел-Авив ва Ашдод ба садо даромад.
Ин ҳамлаи мушакӣ пас аз поёни мӯҳлати ду соатаи Муқовимати Фаластин ба саҳюнистҳо дар Тел-Авив ва шаҳракҳои атрофи он барои берун омадан аз паноҳгоҳҳояшон сурат гирифт.
Бархе манобеи хабарӣ гузориш доданд, дар ин ҳамлаи ракетии як саҳюнист ба ҳалокат расида ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.