Май 19, 2021 16:37 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар дифоъ аз Қудси шариф бо қудрат идома медиҳанд
    Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар дифоъ аз Қудси шариф бо қудрат идома медиҳанд

Ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунӣ дар навори Ғазза ҳамчунон идома дорад .

. Ин дар ҳоле аст, ки дар нуқтаи муқобил гурӯҳҳои муқовимати Фаластин  нӣз амалиёти « Шамшери Қудс »-ро дар дифоъ аз Қудси шариф ва Масҷидулақсо бо қудрат идома медиҳанд .

Ҷараёни муқовимат ба ду далели муҳиму роҳбурдӣ тасмими қотеъ ба идомаи мубориза бо таҷовузгарии режими саҳюнистӣ доранд .

  Далели нахуст ; моҳияти шароратомези режими номашрӯъи Исроил аст, ки ба дунболи бесаботсозӣ ва ноамнсозии минтақа аст .

Далели дувум; таъсироти инкорнопазири ҷараёни муқовимат бар тағйири муъодилот ва тарҳҳои созшкорона дар баробари сарнавишти миллати Фаластин ва Қудс аст . Режими ғайриқонуние, ки то солҳои ахир шиори роҳбурдиаш сайтара бар ҷуғрофиёии минтақа аз Нил то Фурот буд, имрӯз дар даруни шаҳракҳо ва сарзаминҳои ишғолии худро маҳсур ва нотавон мебинад ва чашм ба гунбади оҳнини бехосияти худ духтааст . Дар ҳоле ки  мушакҳои гурӯҳҳои муқовимат қодир ҳастанд то шимолитарин нуқтаи Тел-Авивро низ ҳадаф қарор диҳанд . Ин қудрати посухгуӣ муъодилаи ҷадидеро дар ҷараёни набарди Қудс ба режими саҳюнистӣ таҳмил кардааст .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар суханронии зиндаи телевизиюнӣ, ки дар рӯзи Қудс эрод шуд бо ишора ба рушди сифатӣ ва миқдории қудрати нерӯҳои муқовимат, тағйири мувозина нерӯҳо дар сарзаминҳои ишғолиро ба нафъи ҷаҳони ислом донистанд .

Ишон ҳамчунин раванди режими саҳюнистиро рӯ ба заволу уфул дониста ва мантиқи мубориза бо ин режими ғосибро идомаи муқовимат то анҷоми як ҳамапурсӣ аз ҳамаи фаластиниҳои дохилу хориҷи Фаластин барои таъини низоми сиёсии ояндаи Фаластин эълом карданд .

  Дар қадрдонӣ аз ин мавозеъи адолатхоҳона шуморе аз гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои муқовимати Фаластин бо ирсоли номаҳои ҷудогона ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, аз суханони Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар рӯзи Қудс ташаккур карданд .

Ҷабҳаи мардумии озодибахши Фаластин, Ҷумбиши фатҳи интифоза, Ҷабҳаи муборизаи мардумии Фаластин ва Эътилофи нерӯҳои Фаластин дар ин номаҳо ҳамчунин зимни таъкид бар нақши Ҷумҳӯрии исломии Эрон ба унвони меҳвари иттиҳод ва муқовимати байни кишварҳои исломӣ, ному ёди шаҳид ҳоҷӣ Қосими Сулаймониро дар зинда нигаҳ доштани ормони Фаластин гиромӣ доштанд . Сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи пешини сипоҳи Қудс нақш бебадиле дар ин таҳаввули бузург ифо намуд ва муъодилаи мавҷуд дар сатҳи минтақаро, ки ба нафъи режими саҳюнистӣ рақам мехурд комилан баракс кард .

   Раҳбари муъаззами инқилоб пас аз шаҳодати сардор ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар суханоне таъкид карданд: Алон дар дунёии ислом ҳар ҷой, ки нияти муқовимат дар муқобили зӯргӯии истикборро дошта бошанд, мазҳари шаън ва исми рамзашон шаҳид Сулаймонӣ аст " .

Тарсу ваҳшати саҳюнистҳо имрӯз нишон медиҳад, ки амалкарди ҷараёни муқовимат, муъодилаеро, ки гуфта мешуд Исроил дасти бартари низомиро дар минтақа дар ихтиёр дорад ва ҳеч кас наметавонад ба таҷовузоти ин режим посух бидиҳад, тағйир додааст .

Ҷамоли Алкандӣ-таҳлилгари умӯри сиёсии Уммон дар гузорише дар таҳлили аҳамияти нақши муқовимат мегуяд : "Аз замоне, ки режими саҳюнистӣ дар қалби сарзаминҳои исломӣ мавҷудияти номашрӯъи худро эълом кард, нақшаи Амрико ва Исроил эҷоди вазъияти бе саботу оканда аз ҳарҷу мараҷ дар минтақа буд, то бо тавваҷуҳ ба манофеъи роҳбурдии Амрико ва Исроил ва низ ҷилавгирӣ аз нуфӯзи муқовимат дар кишварҳои минтақа нақшаи “муомилаи қарн” иҷроӣ шавад, аммо акнун дар иҷрои ин нақша низ ноком шудаанд . "

  Таҳаввулоти ин рӯзҳо нишон медиҳад, ки Исроил беш аз ончӣ ки худ мегуяд ва мепиндорад осебпазиртару нотавонтар аз ҳамеша аст . Низомиёну сиёсатмадорони ҷангталабу ифротии режими саҳюнистӣ акнун ба хубӣ аз ин воқеъият огоҳ шудаанд, ки нобудӣ ва ҳазфи муқовимати Фаластин кори ғайримумкин хоҳад буд ва ин бор на низомиёни саҳюнист, балки нерӯҳои муқовимат ҳастанд ки дар даргириҳо сарнавишти ҷангро мушаххас хоҳанд кард .

Номаи шуморе аз гурӯҳҳову ҷараёнҳои муқовимат ба Раҳбари муъаззами инқилоб ва азми муқовимат бар идомаи роҳ то озодии Қудси шариф бар ҳамин нукта таъкид дорад .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп