Сентябр 04, 2021 16:48 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти оятуллоҳ Систонӣ ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Муҳаммад Саид ал Ҳаким

Марҷаи олиқадри Ироқ, даргузашти Саид Муҳаммад Саид ал Ҳаким, аз мароҷеъи бузург дар Ироқро таслият гуфт.

Дафтари оятуллоҳ Саидалии Систонӣ, марҷаъияти олиқадри Ироқ, шанбе паёмеро ба муносибати даргузашти  оятуллоҳ Муҳаммад Саид ал Ҳаким, марҷаъи тақлид дар Ироқ содир кард.

Дар бахше аз паёми таслияти марҷаъият дар Ироқ омадааст, ҳавзаи илмияи Наҷафи ашраф бо аз даст додани ин олими бузург, яке аз фуқаҳои шохису барҷастаро, ки нафси шарифашро назри ёрӣ ба дину мазҳабу зиндагии муборакашро вақфи хизмат ба донишу аҳл он карда буд ва мироси илмии воло ва гаронқадре ба ҷой гузошта, аз даст дод.

Оятуллоҳ Муҳаммад Саид ал Ҳаким аз мароҷеъи чаҳоргонаи Наҷаф  рӯзи ҷумъа бар асари исти қалбӣ дар яке аз бемористонҳои Наҷаф ба дидори маъбуд шитофт.

Давлати Ироқ ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Муҳаммад Саид ал Ҳаким рӯзи шанберо дар ин кишвар азои умумӣ эълом кард.

 

Барчасп