Ҳания: Байден ва Беннет ҳеҷ роҳи ҳалли сиёсиро дар бораи Фаластин намепазиранд
(last modified 2021-09-30T14:45:59+00:00 )
Сентябр 30, 2021 19:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳания: Байден ва Беннет ҳеҷ роҳи ҳалли сиёсиро дар бораи Фаластин намепазиранд

Раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломӣ (ҲАМОС) гуфт: Раиси ҷумҳурии Амрико ва нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳеҷ роҳи ҳалли сиёсиро дар иртибот бо мавзӯи Фаластин намепазиранд.

Ба гузориши хабаргузории Анатолия, Исмоил Ҳания афзуд: Гузинаҳои ин ду дар масири ишғолгарӣ тағйири чандоне нахоҳад кард.

Вай гуфт: Давлати Исроил ба сиёсати ишғолгарӣ, ғасби арозӣ ва нақзи ҳуқуқи миллати Фаластин дар Каронаи бохтарӣ ва Навори Ғазза идома медиҳад.

Ҳания афзуд: Муътақидам, ки сиёсати Амрико дар қиболи режими Исроил ҳеҷ тағйире нахоҳад кард, зеро дар ин бора шуморе аз масолеҳи олӣ аз сӯи ду тараф қобили пешбинӣ аст ва ин масолеҳ бо якдигар муртабит ҳастанд.

 

 

 

Барчасп