Қудрати низомии яманиҳо, Риёзро ба кумак аз Амрико маҷбур кард
Пас аз амалиётҳои густардаи паҳподӣ ва мушакии нерӯҳои яманӣ тайи моҳҳои ахир алайҳи эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, режими Саудӣ хостори хариди таслеҳоти амрикоӣ барои тақвияти падофанди худ шудааст.
Ба гузориши Райтерс, манобеи огоҳ эълом карданд, Риёз хостори хариди таслеҳоти амрикоӣ дар ҷиҳати тақвияти системаҳои дифоии худ пас аз ҳамалоти нерӯҳои яманӣ ба қаламрави худ бо паҳподҳои низомӣ ва мӯшакҳои балистик шудааст.
Як мақоми аршади давлати Амрико гуфт, ба сӯрати ошкор, мо тавваҷуҳи зиёде ба мавзӯи банодир ва фурудгоҳҳои Яман дорем. Ин коре аст, ки Арабистони Саудӣ бояд анҷом диҳад.
Ин мақоми амрикоӣ бо баёни инки дифо аз Арабистони Саудӣ як тааҳҳуди муҳими Вашингтон аст, афзуд, гуфтугӯи байни Иёлоти муттаҳида ва Арабистони Саудӣ дар мавриди беҳтарин роҳ барои иҷрои тааҳҳуди раисииҷумҳур (Байден) ҷиҳати дифо аз ин кишвар бидуни ироаи силоҳҳои таҳоҷумӣ барои даргириҳои Яман, вуҷӯд дорад.
Тайи моҳҳои ахир нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман даври ҷадиде аз амалиёти озодсозии устон ва шаҳри Маарибро ба унвони қалби давлати мустаъфӣ оғоз кардаанд.
Бештар бихонед:
- Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад
- Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Яман тангтар мешавад