Ҳамлаи шаҳракнишинони саҳюнист ба фаластиниёни сокини маҳаллаи Ашшайх Ҷарроҳи Қудси ишғолӣ
Манобеи хабарии арабӣ аз ҳамлаи шаҳракнишинони ишғолгари саҳюнист ба фаластиниёни сокини маҳаллаи Ашшайх Ҷарроҳ дар Қудси ишғолӣ, ки ҳастаи аввалияи ҷанги Сайфул-Қудс ( Шамшери Қудс ) будааст, хабар доданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алҷазираи Қатар, даҳҳо шаҳракнишини ишғолгари саҳюнистӣ бо ҳимояти полиси ин режим ба шеваи таҳрикомез дар маҳаллаи Ашшайх Ҷарроҳ дар Қудси ишғолӣ иқдом ба барпоии роҳпаймоӣ парчам карда ва шиорҳои нажодпарастона сар доданд .
Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймои нажодпарастонаи шиорҳои зиддифалистинӣ сар доданд.
Аз сӯи дигар шабакаи хабарии Алмаёдин низ гузориш дод, ҳамчунон хатари овора шудани 12 хонаводаи қудсӣ дар маҳаллаи Ашшайх Ҷарроҳ вуҷуд дорад .
Дар рӯзҳои гузаштаи даргирӣ дар маҳаллаи Ашшайх Ҷарроҳ воқеъ дар Қудси ишғолӣ дар паи таҳдид шудани теъдоде аз хонаводаҳои фаластинии сокин дар ин маҳал аз сӯи низомиёни режими саҳюнистӣ барои холӣ кардани манозили худ ва дар ихтиёр додани онҳо ба ҷавомеъ саҳюнистнишин афзоиш ёфтааст .
Минтақаи Ашшайх Ҷарроҳ дар Қудси шарқӣ, ки ба тозагӣ ба сурати бардавом мавриди ҳадафи шаҳракнишинони саҳюнист қарор гирифтааст, заминҳоеро шомил мешавад, ки фаластиниён мегӯянд солҳо пеш онро аз давлати Урдун харидорӣ кардаанд .