Декабр 13, 2021 13:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти сангини артиш ва Ҳашдуш-шаъбии Ироқ ба мавозиъи ДИИШ дар Диёла

Неруҳои артиш ва Ҳашдуш-шаъбии Ироқ бо анҷоми амалиёти густарда дар устони Диёла мавозиъи террористҳои такфирии ДИИШ-ро дарҳам кубиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Сумирия ниюс, Ситоди иттилоърасонии амниятии Ироқ бо судури баёнияе эълом кард: Мавозиъи террористҳои такфирии ДИИШ дар риштакӯҳҳои « Ҳамрин » дар устони Диёла ( шарқи Ироқ ) ҳадафи шадидтарин ҳамалоти неруҳои артиш ва Ҳашдуш-шаъбии Ироқ қарор гирифт.
Фармондеҳи амалиёти Диёла низ зимни таъиди ахбори мунташиршуда перомуни амалиёти муштараки артиш ва Ҳашдуш-шаъбӣ  алайҳи бақоёии ДИИШ дар риштакӯҳҳои Ҳамрин тасреҳ кард: Пас аз дарёфти гузоришҳои мабни бар таҳаррукоти террористҳо дар ин минтақа, амалиёти мазкӯр анҷом шуд .

Бар асоси ин гузориш дар ин амалиёт хисорати сангине ба террористҳои ДИИШ ворид шуд ва теъдоде аз онҳо ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд.
Неруҳои ироқӣ таи рӯзҳои гузашта низ мавозиъи бақоёи террористҳои такфирии ДИИШ дар устонҳои Аланбор ва Салоҳуддинро дарҳам кубиданд.
Ироқ дар соли 2017 пас аз се соли набард пирӯзӣ бар гуруҳи террористии « ДИИШ »-ро эълом кард, аммо унсурҳо ва ҳастаҳои парокандаи ин гуруҳи террористӣ ҳануз дар бархе манотиқи устонҳои Диёла, Каркук, Найнаво, Салоҳуддин, Аланбор ва Бағдод фаъол ҳастанд.

 

Барчасп