Декабр 18, 2021 16:35 Asia/Dushanbe
  • Наим Қосим: Мухолифони муқовимат бо пулҳои хориҷӣ вориди интихобот шуданд

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, тарафи муқобили ин ҷумбиш бо ҳимояти байналмилалӣ ва пулҳои Амрико ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, вориди интихобот шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Нашра, Шайх Наим Қосим аз иқдомоти манфии бархе аз кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ва Амрико дар ҷараёни интихоботи ояндаи ин кишвар хабар дод ва гуфт, ҷанги интихоботтии оянда, бисёр душвор хоҳад буд ва тарафи муқобили Ҳизбуллоҳ, бо ҳимояти байналмилалӣ ва пулҳои Амрико ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, вориди он шудааст.

Вай тасреҳ кард, ҳадафи аслии тарафи муқобили Ҳизбуллоҳ ин аст, ки аҳруми қудратро дар Лубнон ба даст гирад ва порлумонро тасоҳуб кунад то битавонад сиёсатҳоеро, ки маддиназараш аст, мудирият кунад.

Ин масъули Ҳизбуллоҳ гуфт, шиори ин гуруҳ, душманӣ бо Ҳизбуллоҳ ва ҳампаймононш аст, ба ҳамин далел мебинем, ки рӯзона алайҳи Ҳизбуллоҳ ва ҳампаймононаш сухан мегӯянд ва бар ин боваранд, ки аз ин тариқ метавонанд назари Амрико, Аврупо ва бархе аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форсро ба даст гиранд.

Қосим бо баёни инки ин гурӯҳ ҳеҷ барномаи иқтисодӣ барои Лубнон надорад, тасреҳ кард ин афрод, мехоҳанд қудрати муқовиматро аз байни бибаранд то Амрико ва Исроил битавонад ҳар коре, ки мехоҳад дар Лубнон анҷом диҳад. Соҳибони шиори душманӣ бо муқовимат, аз ҷумлаи касонӣ ҳастанд, ки тайи 30 соли гузашта дар раъси қудрат буда ва дар натиҷа шарики фасод ҳастанд.

Шайх Наим Қосим бо ишора ба вобастагии ин афрод ба сафорати Амрико дар Лубнон, хотирнишон кард, мо бо ду шиор вориди интихоботи порлумонӣ хоҳем шуд: Унвони нахуст, тадовуми муқовимат, тарҳи озодсозӣ ва ҳимоят дар баробари таҷовузи Исроил. Унвони дувум низ хизмат ба мардум аз тариқи барномаи иқтисодӣ ва иҷтимоии комил, ки ҳадафи он, сохти Лубнони қудратманд ва муқобила бо фасод ва муфсидон аст.

Қарор аст, интихоботи порлумонии Лубнон моҳи майи 2022 баргузор шавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп